МУЛОҚОТИ МАВСУМА БО ФАРАҲМАНД
Душанбе, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин ҷаласаи Вазирони идораҳои ҷавонони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ /ЭКО/ дар соли равон дар Теҳрон анҷом ёфт. Ҷаласаи мазкур рӯзҳои 29-30 ноябр доир гардида, дар он ҳайати Тоҷикистон дар қатори намояндагони дигар кишварҳои узви ин созмон ширкат доштанд. Дар нишаст масъалаҳои вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши идораҳои кор бо ҷавонони СҲИ ва дурнамои робитаи онҳо матраҳ гардид. Назар ба иттилои коршиноси СҲИ дар бахши фарҳанг Шоҳмансури Шоҳмирзо, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова бо ҳайати мутахассисони кумитаи мазкур намояндагӣ карданд. Ҳайати Тоҷикистон дар доираи баргузории нишаст бо муовини Раиси Созмони миллии ҷавонони Эрон доктор Фараҳманд мулоқот карда, масъалаҳои тақвияти равобити мутақобилан судманди ду кишварро дар бахши ҷавонон баррасӣ намуданд. Нишаст бо ибтикори Созмони Миллии ҷавонони Эрон ва СҲИ доир гардид. Бояд зикр кард, ки СҲИ 10 кишвари ҷаҳон –Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистонро дар худ муттаҳид сохтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






