МУЛОҚОТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН БО МУОВИНИ АВВАЛИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ПОКИСТОН

Ноябрь 24, 2010 17:28

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 23 ноябри соли 2010 сафири фавқулода ва мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Салмон Башир мулоқот доир намуд. Дар вохўрӣ масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва сеҷониба (Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон) дар марҳилаи кунунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба сафари расмии қарибулвуқўи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ва омодагӣ ба он яке аз мавзўъҳои асосии мулоқот буд. Ҷонибҳо роҷеъ ба ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе табодули назар намуда, сафари ҳайъати баландпояи Покистонро таҳти роҳбарии Сарвазир Сайид Юсуф Ризо Гелонӣ ба Тоҷикистон чун исботи возеҳи кўшишҳо барои боз ҳам таҳкиму тавсеа бахшидани ҳамкориҳои ду давлати дўст арзёбӣ намуданд. Зимни сўҳбат Салмон Башир иброз дошт, ки Покистон барои амалӣ шудани лоиҳаи КАСА-1000, ки барои ин кишвар аҳамияти хосаи ҳаётӣ дорад, кӯшишҳои муассирро ба харҷ хоҳад дод. Сафир қаноатмандии ҷониби Тоҷикистонро аз бозгашти муҳассилини ғайрирасмии шаҳрвандони кишвараш аз Покистон қайд намуда, иброз дошт, ки ҳамкорӣ дар ин самт минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар ин росто, табодули сафарҳои донишҷӯён, аҳли илму адаб ва вакилони парлумони ҳарду кишвар хеле самаранок хоҳад буд.

Ноябрь 24, 2010 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст