МУЛОКОТИ Э.РАҲМОН БО М.РАҲИМӢ

Ноябрь 25, 2010 08:34

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 24 ноябр зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо  Раҳимӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва технологӣ зоҳир карда шуд. Ҳамкории бунёдӣ дар арсаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, ҳамлу нақли транзитӣ, аз ҷумла барои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, корхонаҳои муштараки саноатӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир аз ҷанбаҳои муҳимтарини муносибатҳои Тоҷикистону Эрон маънидод гардид. Ба иттилои Муҳаммадризо  Раҳимӣ, роҳбарияти Эрон тасмим гирифтааст, ки барои густариши ҳамкории бунёдии иқтисодӣ ва техникию технологӣ бо Тоҷикистон тамоми имконоти беш аз 6 ҳазор корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои илмию технологии вилояти Хуросони он кишварро ҷалб намояд. Тасмим гирифта шуд, ки барои ҳарчи зудтар ва босамар татбиқ намудани тамоми тавофуқоте, ки миёни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ, ба даст омадаанд, тадбирҳои судбахш амалӣ карда шаванд. Қарор карда шуд, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни ду кишвар ҳамарўза ба роҳ монда шаванд, зеро 4 парвоз дар як ҳафта, ки имрўзҳо амалӣ мегардад, нокифоя аст. Ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки робитаҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла барои омодасозии кадрҳои баландпояи мавриди ниёз, пеш аз ҳама мутахассисони муҳандисӣ – техникӣ ва табибони ҷарроҳ густариш дода шавад. Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.   

Ноябрь 25, 2010 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!