НИСФИ МАБЛАҒИ БУҶА БАҲРИ РУШДИ МАОРИФ

Ноябрь 18, 2010 15:02

Бадахшон, 18 ноябр. ( АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар  ВМКБ  тайи  6  соли охир    ба  хотири  рушди соҳаи маориф  беш  аз  100  миллион  сомонӣ  маблағ   масраф  гардидааст. Ҳар  сол  50  дар  сади  буҷаи вилоят  дар  ихтиёри  маорифчиён  қарор  дорад.  Аз  соли  2008  то  ин  ҷониб  дар  ҳудуди  вилоят  68  мактаби  замонавӣ  бунёд  гардид.  Дар  ноҳияи  Ванҷ  50  мактаб  фаъолият  дорад, ки   бинои  аксари ин мактабҳо  дар даврони  Истиқлолият  бунёд  гардидаанд.  Дар  солҳои  охир  бошад  ҳар  сол 3 – 4    мактаб  мавриди  истифодаи хонандагон  қарор  мегирад. Кулли  мактабҳои  миёна  дорои  утоқҳои  компютерианд.            То  охири  соли  ҷорӣ  боз  ду  мактаби нав   мавриди  истифода  қарор  мегирад.   Қисмати зиёди омӯзгорони  макотиби  ноҳия  хатмкардаҳои  донишгоҳҳои  омӯзгории  кишваранд. Дар  даврони  истиқлолият, ба  вижа, солҳои  охир  ҳар  сол  то  10 – 12  нафар  хатмкардаҳои  макотиби  ноҳия  шомили  калонтарин донишгоҳҳои   кишвар ва берун аз он   мегарданд.

Ноябрь 18, 2010 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад