НИШОН АЗ ТАЪРИХИ ЧАНДҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Душанбе, 24 ноябр . ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин) .- Имрӯз дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамомади илмӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади илмӣ устодону донишҷӯёни ДМТ роҷеъ ба Парчами давлатии ҶТ сухан гуфтанд. Дар ҷамъомади илмӣ дар дасти донишҷӯён ва устодон Парчами давлатӣ буд. Дар ҷамъомади мазкур гуфта шуд, ки ҳар як давлат дорои муқаддасоти миллии худ мебошад ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиром менамояд, аз он ҷумла яке аз муқаддасоти давлатии ҶТ ин Парчами давлатӣ мебошад. Дар ҷамъомад Нуриддин Саидов ректори ДМТ зикр намуд, ки Парчами давлатӣ нишон аз таърихи чандҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Мавсуф зимни сӯҳбат қайд намуд, ки Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо тоҷикон муқаддас аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






