НУРҲОИ ЛАЗЕРӢ ДАР ЧОРВОДОРӢ

Ноябрь 18, 2010 09:34

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Пажӯҳишгоҳи чорводории Академияи илмҳои кишоварзии  ҶТ тавассути истифодаи спектрҳои инфрасурх ва нурҳои лазерӣ ба дастовардҳои навтарин дар соҳаи чорводорӣ муваффақ шуд,-иброз дошт саркотиби Академияи илмҳои кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар».    Ба иттилои манбаъ, дар асоси истифодаи спектрҳои инфрасурх услуби махсуси баҳодиҳии сифати нутфаҳои чорво таҳия шуда, аз рӯи натиҷаҳои ба даст омада   барои  гирифтани патент дархост пешниҳод   шудааст.    Бори аввал тадқиқот  ҷиҳати омӯхтани усулҳои зиёд гардонидани фаъолиятнокии нутфа  ва ҷанини чорво бо истифодаи нурҳои лазерӣ оғоз ёфт. Ҳамчунин истифодаи нурҳои пастшиддати лазерӣ дар коркарди тухмии зироати хӯроки чорво – ҷуворимакка  бо вояҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор  гирифтааст.   

Ноябрь 18, 2010 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад