НУРҲОИ ЛАЗЕРӢ ДАР ЧОРВОДОРӢ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Пажӯҳишгоҳи чорводории Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ тавассути истифодаи спектрҳои инфрасурх ва нурҳои лазерӣ ба дастовардҳои навтарин дар соҳаи чорводорӣ муваффақ шуд,-иброз дошт саркотиби Академияи илмҳои кишоварзӣ Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои манбаъ, дар асоси истифодаи спектрҳои инфрасурх услуби махсуси баҳодиҳии сифати нутфаҳои чорво таҳия шуда, аз рӯи натиҷаҳои ба даст омада барои гирифтани патент дархост пешниҳод шудааст. Бори аввал тадқиқот ҷиҳати омӯхтани усулҳои зиёд гардонидани фаъолиятнокии нутфа ва ҷанини чорво бо истифодаи нурҳои лазерӣ оғоз ёфт. Ҳамчунин истифодаи нурҳои пастшиддати лазерӣ дар коркарди тухмии зироати хӯроки чорво – ҷуворимакка бо вояҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






