ОЗОДИИ СУХАН ДАР ДУШАНБЕ БАРРАСӢ ШУД
Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Замони муосир ва журналистика: проблемаҳои ҳуқуқ ва озодии сухан» таҳти чунин унвон 29 ноябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байаналмилалии илмию амалӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он олимону донишмандони кишварҳои форсизабон- Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ширкат доштанд. Ҳадаф аз баргузории конфронси байналмилалӣ баррасии паҳлӯҳои гуногуни вазъи журналистика дар замони муосир, проблема ва ҳуқуқу озодии сухан дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Иштирокдорони конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба масъалаҳои сонсур ва худсонсурӣ дар журналистикаи муосири тоҷик, фаъолияти баъзе расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ дар раванди эҷод, озодии сухан ва меъёрҳои этикаи касбӣ, ҷомеаи иттилоотӣ ва мушкилоти озодии сухан, дастрасии ВАО-и хусусӣ ба иттилоот, плюрализм ва низоъангезӣ дар матбуот ибрози назар карданд. Конфронси байналмилалӣ бо ибтикори кафедраи журналистикаи факултети журналистика ви Донишгоҳи миллии Тоҷикистон созмон дода шуда, пагоҳ кори худро идома медиҳад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






