ОЗОДИИ СУХАН ДАР ДУШАНБЕ БАРРАСӢ ШУД

Ноябрь 29, 2010 16:32

      Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Замони муосир ва журналистика: проблемаҳои ҳуқуқ ва озодии сухан» таҳти чунин унвон 29 ноябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байаналмилалии илмию амалӣ ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он олимону донишмандони кишварҳои форсизабон-  Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ширкат доштанд.      Ҳадаф аз баргузории конфронси байналмилалӣ баррасии  паҳлӯҳои гуногуни вазъи  журналистика дар замони муосир, проблема ва ҳуқуқу озодии сухан дар ҷомеаи  Тоҷикистон мебошад.      Иштирокдорони конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба масъалаҳои сонсур ва худсонсурӣ дар журналистикаи муосири тоҷик, фаъолияти баъзе расонаҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ дар раванди эҷод, озодии  сухан ва меъёрҳои этикаи касбӣ, ҷомеаи иттилоотӣ ва мушкилоти озодии сухан, дастрасии ВАО-и хусусӣ ба иттилоот, плюрализм ва низоъангезӣ дар матбуот ибрози назар карданд.     Конфронси байналмилалӣ бо ибтикори кафедраи журналистикаи факултети журналистика ви Донишгоҳи миллии Тоҷикистон созмон дода шуда, пагоҳ кори худро идома медиҳад.

Ноябрь 29, 2010 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар