РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХАТЛОН ДАР СУҒД

Ноябрь 11, 2010 15:10

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). –Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ботантана ҷашн гирифтани рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатии ҶТ, Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони Вилояти Хатлонро аз 9 то 11 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд баргузор намуд. Тавре дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши иттилоотию таҳлилии кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуров иттилоъ дод, дар доираи баргузории ин чорабинӣ ҷавонони вилояти Хатлон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва Маркази ҷавонони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара боздид намуданд.  Инчунин, дар ин сафар ҷавонон бо таърихи ин шаҳри куҳанбунёди тоҷикон ва тараққиёту пешравии он дар даврони истиқлолият ошноӣ пайдо намуда, аз ёдгориҳои таърихии ҷамоати Чоркӯҳ, Мадрасаи Ҳазрати Шоҳ ва Лангари моҳиён дидан намуданд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик таҷлили Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони вилояти Суғд дар ноҳияи Рашт ва таҷлили Рӯзҳои фарҳангии ҷавонони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон   баргузор хоҳад шуд.

Ноябрь 11, 2010 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид