РУШДИ СОҲА ЭЪТИМОДБАХШ АСТ

Ноябрь 24, 2010 12:02

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», ). — Дар  10 моҳи охир корхонаҳои паррандапарварии шаклҳои  моликияташон  гуногун зиёда аз 110  млн. дона тухм ва  2331 сентнер (тонна) гӯшти  парҳезии  мурғ истеҳсол  карданд. Истеҳсоли  тухм назар  ба  соли 2006 – ум қариб  5  баробар  афзуд. Барқароркунии  пурраи корхонаҳои  соҳа  аз соли 2007 – ум  ибтидо  мегирад. Агар  чор  сол  пеш  аз 24  корхона  6 – тои  он кор мекард,  пас  ҳоло  30  корхона  фаъолият дорад,  ки  6 — тои  он  корхонаҳои  хусусӣ  мебошанд. Ҳоло дар корхона ба парвариши бедона, ки тухму  гӯшти он хӯрокии парҳезӣ ва  барои  одам  судманд  аст,  шурӯъ  шудааст.  Ин маълумот дар  Машварати ҷумҳуриявии  «Роҳҳои рушди   соҳаи  паррандапарварии Тоҷикистон» баён гардид.  Директори  генералии  КВД «Саноати  паррандапарварии Тоҷикистон Машокир Назаров  дар  бораи  роҳҳои рушди  соҳа  сухан  гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки  амалигардонии  барномаи  ҳукуматии  рушди паррандапарварӣ  барои солҳои  2007 – 2015 дар  ҷумҳурӣ, ҷудо кардани 5100 гектар  замин  ба  корхонаҳои  соҳа  барои  истеҳсоли  хӯроки  парранда  ва  гузаронидани  корҳои  пурвусъати  ташкилӣ ба барқарорӣ ва  пешрафти соҳа мусоидат  намуд. Қабул  шудани  қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  паррандапарварӣ» соли  ҷорӣ  ба  фаъолияти паррандапарварон таккон мебахшад.  Намояндагони ҶММ «Техно» (Украина), «Свердловский» ва «Авивак» (Россия) ва корхонаи мурғпарварии  «Самарқанд» (Ӯзбекистон) ҳамкасбони  худро  ба  ҳамкории  техникию  технологӣ даъват  намуда, гуфтанд  тайёранд кӯмаку  ёрии  амалӣ  расонанд.   Дар  машварат вазири   кишоварзии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Қосим  Қосимов  иштирок ва  баромад  намуд.  Дар  ин  бора корманди  масъули соҳа Саидмухтор Олимов иттилоъ дод.

Ноябрь 24, 2010 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид