САБАБҲОИ НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ МУЗДИ КОРМАНДОНИ «САНГТӮДА-1» КАДОМ АСТ?
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Мутобиқи ҳисоботи меҳнатии оморӣ ба ҳисоби миёна дар давоми соли 2010 шумораи кормандони дар ҶСК «НБО Сангтӯда – 1» фаъолияти меҳнатидошта 176 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин шумора 80 нафарашон дар асоси шартномаҳои меҳнатии мӯҳлатнок ва як нафарашон дар асоси шартномаҳои граждании ҳуқуқӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб карда шуданд. Шумораи занҳои фаъолияти меҳнатидошта дар ҷамъият 80 нафарро ташкил менамоянд. Раванди санҷиш чуноне, ки муайян намуд, дар асоси Созишномаи байни ҳукуматҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2009 оид ба ҳамкорӣ дар истифодаи НБО «Сангтӯда – 1» шартномаҳои №С/Б-2/8-01 аз 5 июни соли 2007, №9178-2009 аз 17 сентябри соли 2009 ва созишномаҳои иловагӣ баста шуда, пардохти ҳаққи барқи дар НБО «Сангтӯда- 1» истеҳсолшударо аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» кафолат медиҳанд. Новобаста аз ин, ШСХК «Барқи тоҷик» талабот ва кафолатҳои шартнома ва созишномаҳои дар боло зикргардидаро риоя накарда, ҳаққи пардохти фурӯши барқро мунтазам пардохт наменамояд. Чунончӣ, қарзи ШСХК «Барқи тоҷик» дар назди ҶCК НБО «Сангтӯда- 1» дар ҳолати имрӯза қариб ба 30 млн. доллари ИМА баробар шудааст. Ин ҳолат ба он оварда расонид, ки дар ҶCК НБО «Сангтӯда- 1» қарздорӣ аз музди меҳнат 5 млн. 553 ҳаз. сомониро ташкил медиҳад. Қарздории музди меҳнат дар назди ҶCК НБО «Сангтӯда- 1» асосан аз моҳи октябри соли 2009 пайдо гардидааст, чунки тибқи маълумоти муҳосибӣ аллакай дар моҳи октябри соли 2009 Ҷамъият аз ҳисоби пардохти музди меҳнати кормандон ба маблағи 2 млн. 96,1 ҳаз. сомонӣ қарздор буд. Сабаб ва омилҳои асосии пайдоиши қарздории музди меҳнат ин риоя накардани талаботи шартнома ва созишномаҳо аз тарафи ШСХК «Барқи тоҷик», яъне аз тарафи ширкати мазкур мунтазам пардохт накардани ҳаққи фурӯши барқи нерӯгоҳ мебошад. Дар бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои бартараф намудани қарздории музди меҳнат аз тарафи мутахассисони Хадамот амрнома дода шуд ва барои саривақт напардохтани музди меҳнати кормандон мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ се маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд, вале то ҳол музди меҳнати кормандон бо пурагӣ дода нашудааст.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






