САДРИ ЗИЁ ВА ТАЗКИРАҲОИ Ӯ

Ноябрь 11, 2010 14:33

Душанбе, 11 ноябр.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-«Садри Зиё ва тазкираҳои ӯ»-чунин ном дорад китоби олими шинохтаи тоҷик  Саҳобиддини Сиддиқӣ, ки тавассути ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо теъдоди 1000 нусха дастраси хонандагон гардид. Садри Зиё (1865-1932) шахси донишманд,  собиқ садри аъзами Бухоро, падари олими бузург Муҳаммадҷон Шакурӣ мебошад. Ӯ дар тазкираҳои  зиёди худ дар бораи шоирону нависандагон ва донишмандони маъруфи тоҷик маълумоти муфассал додааст. Ин донишманди бузург дар ташаккули шахсияти устод Садриддин Айнӣ низ нақши муассир дорад.

Ноябрь 11, 2010 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд