ТАБОБАТГОҲИ ДИЛ ДАР НОРАК

Ноябрь 12, 2010 16:22

Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ«Ховар», Назокат Қодирова).-Дар беморхонаи марказии шаҳри Норак маркази ташхиси дил ба фаъолият шурӯъ намуд.  Марказ бо таҷҳизоти гуногуни муосир, ки дилро дақиқ санҷида, ҳамон лаҳза ташхиси дурусти онро нишон медиҳанд,  муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин  дастгоҳҳо таҷҳизоти нодири олмонӣ буда, ҷавобгӯи меъёрҳои тиббии байналмилалӣ мебошанд. Барои хариди таҷҳизоти ин марказ мувофиқи « Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2009-2015»  280 ҳазор доллари амрикоӣ  маблағ масраф гардидааст. Дар марказ барои ташхиси беморон ва табобати онҳо 10 нафар табиби баландихтисос ва ҳамшираҳои шафқат хизмат менамоянд.   Дар вилояти Хатлон  ин дуюмин маркази табобати бемориҳои дил аст. Ёдовар мешавем, ки маркази нахустини табобати бемориҳои дил дар шаҳри Қурғонтеппа фаъолият дорад.

Ноябрь 12, 2010 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад