ТЕЛЕФОНҲОИ «БАРҚИ ТОҶИК» ДАР ХИЗМАТИ МУШТАРИЁН
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева) — Мутобиқи дастури раиси ШСХК «Барқи тоҷик» бо мақсади таъмини шафофияти корҳои истеҳсолӣ, алоқаи муфиди байниҳамдигарӣ бо муштариёни барқ ва оҷилона пешгирӣ намудани камбудиву норасоиҳо дар ин давраи душвор дар ШСХК «Барқи тоҷик» телефонҳои навбатдорӣ дар давраи маҳдудияти интиқоли барқ ба таври шабонарўзӣ амал мекунанд. Тамоми шаҳрвандони кишвар метавонанд, ки бобати вазъи таъминоти барқ, риоя нашудани лимит, муносибати нозирон ва назоратчиёни фурўши барқ ба муштариён, ҳодисаҳои ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ ва ғайраҳо бо телефонҳои 378835511, 378835522 ё 295-480 занг зананд. Ҳар як муроҷиати шаҳрвандон дар дафтари махсус қайд шуда, аз рўи онҳо тадбирҳои мушаххас ва саривақти андешида мешаванд. Телефонҳои тамос бо муассисаҳои барқии шаҳри Душанбе: ШБ ноҳияи И.Сомонӣ 227-10-50 ШБ ноҳияи Сино 236-10-14 ШБ ноҳияи Фирдавсӣ 231-10-14 ШБ ноҳияи Шоҳмансур 227-10-12








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






