ЗАХИРАИ НАМАК ВА ҚУМ ДАР МӮЪМИНОБОД
Кӯлоб, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Кормандони корхонаи фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Мӯъминобод ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагӣ дида, то ин муддат 4 тонна намак, 35 куб қум ва 2 тонна сӯзишворӣ захира намудаанд. Назаралӣ Мирзоев- сардори корхонаи мазкур дар бастагӣ ба ин мавзӯъ гуфт, ки корҳои ободонӣ аз тарафи кормандони корхона дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 297 000 сомонӣ ба анҷом расид. Айни ҳол коргарон ба тоза кардани партовҳо ва шинонидани гулу гулбуттаҳо сафарбар гардидаанд. Ба гуфти Н. Мирзоев ҳарчанд дар корхона 3 адад техникаи ёрирасон фаъолият менамояд, вале ҳанӯз ҳам барои пешрафти кор нарасидани техникаи ҳозиразамон ва таҷҳизоти зарурии он халал ворид менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






