ЗУҲУРОВ БА РОҲБАРИЯТИ ЭРОН ИЗҲОРИ СИПОС НАМУД
Душанбе, 30 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Мо аз роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Эрон миннатдорем, ки бо даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми шаҳрвандони моро, ки ба таври ғайрирасмӣ барои таҳсил ба Эрон омада буданд, ба ватан баргардониданд». Ин нуктаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон иброз дошт. Алҳол, 200 нафар донишҷӯёни тоҷик бе мувофиқа бо мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар бахши динии донишгоҳҳои байналмилалии Теҳрон, Қум, Гургон ва Машҳад таҳсил менамоянд, хуб мебуд, агар ин ҷавонони тоҷик ба риштаҳои илмҳои дақиқ, ҳандаса, тиб ва ғайра, ки Тоҷикистон ба он ниёзи бештар дорад, гузаронида шаванд, афзуд Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон. Мусоҳибон вазъи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, гиромидошти мероси таърихию фарҳангӣ ва адабии муштарак, таъсиси шабакаи телевизионии кишварҳои форсизабонро баррасӣ карда, аз сатҳи густариши ҳамкориҳо дар ин самт изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз Теҳрон иттилоъ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






