ЗУҲУРОВРО ЛОРИҶОНӢ БА ВАТАНАШ ДАЪВАТ КАРД

Ноябрь 19, 2010 09:38

   Душанбе, 19 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров 27 ноябр бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон меравад.      Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Эрон бо даъвати Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Лориҷонӣ сурат мегирад, гуфт ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси Маҷлиси  намояндагон Муҳаммадато Султонов.     Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  дар сафар бо Раиси  Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Алии Лориҷонӣ, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ, Раиси кулли Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ Ҳусейн Анворӣ  ва дигар роҳбарони мақомоти  баландпояи ин кишвар  мулоқот менамояд.      Ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Эрон тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ аст. Дар доираи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон, ки то 2 декабр ҷараён мегирад,  боздид аз шаҳрҳои бостонии Эрон низ дар назар аст.

Ноябрь 19, 2010 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад