ЗУҲУРОВРО ЛОРИҶОНӢ БА ВАТАНАШ ДАЪВАТ КАРД
Душанбе, 19 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров 27 ноябр бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон меравад. Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Эрон бо даъвати Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Лориҷонӣ сурат мегирад, гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар сафар бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Алии Лориҷонӣ, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ, Раиси кулли Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ Ҳусейн Анворӣ ва дигар роҳбарони мақомоти баландпояи ин кишвар мулоқот менамояд. Ҳадафи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Эрон тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ аст. Дар доираи сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон, ки то 2 декабр ҷараён мегирад, боздид аз шаҳрҳои бостонии Эрон низ дар назар аст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






