ҲАҶМИ БОРКАШОНИИ ТРАНЗИТӢ КАМ ШУД
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар давоми 11 моҳи соли 2010 ҳаҷми боркашонии нақлиёти роҳи оҳан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 807 ҳазор тонна кам шуд ва дар маҷмӯъ 9 млн. 511 ҳазор тоннаро ташкил дод. Камшавии ҳаҷми боркашонӣ асосан аз ҳисоби борҳои транзитӣ ба амал омадааст. Ҳаҷми боркашонӣ дар дохили кишвар аз рӯи қитъаҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» чунин аст: дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд 6 млн. 371 ҳазор тонна км, дар қитъаи роҳи оҳани Душанбе (якҷоя бо НТҶ) — 2 млн. 745 ҳазор тонна км ва дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлон 394 ҳазор тонна км бор кашонида шудааст. Дар ин давра тавассути нақлиёти роҳи оҳан 15 ҳазор қатора (вагон) мол бор карда шуда, 73 ҳазор қатора (вагон) аз бор холӣ карда шудааст. Ҳамаи борҳо мувофиқи ҷадвал фиристода шудаанд ва аз ҷониби фармоишгарон ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳеҷ гуна даъво ворид нашудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






