ҲАДАФҲОИ АСЛИИ ФОРУМИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Декабрь 3, 2010 17:12

Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Нимаи дуюми рӯз ҷаласаи  Шӯрои рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон кори худро дар се бахш  идома дод. Дар мавзӯи «Рушди нерӯи инсон: ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва маориф» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова  суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «ҳадаф ва вазифаҳои стратегии миллии  рушди ҶТ ва стратегияи  паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба хати аввалиндараҷаи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нигаронида шудаанд. Дар чорчӯбаи талаботи Стратегияи миллии рушд ва Стратегияи  паст кардани сатҳи камбизоатӣ  дар солҳои наздики сипаригардида ҷиҳати татбиқи қонунгузории меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ, нафака, суғуртаи иҷтимоӣ,  мусоидат ба  шуғли   аҳолӣ, муҳоҷират ва дигар самтҳои хаёти иҷтимоӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор  ба тавсиб расидаанд, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Дар натиҷаи татбиқи самараноки ҳуҷҷатҳои қабулгардида то  санаи 1 августи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 музди меҳнат аз 1 то 47, 5 сомонӣ, идрорпулӣ  се маротиба афзудааст. Дар ин давра ҳамкорӣ бо шарикони Рушд вусъат дошта, ҳисоботи таҳлилии сиёсати меҳнат дар ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст ва ҷиҳати тақвият бахшидани қувваҳои миёнарав дар бозори меҳнат сомонаи нахустини ҷойҳои кории холӣ дар ҳафт шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз намуд»… Сипас намояндагони масъули Шӯрои ҳамоҳангсозии донорон: намояндаи Дафтари кишварии Агентии ИМА оид ба Рушди Байналмилалӣ Кевин Дин, директори кишварии ҷамъияти Олмон оид ба кӯмаки техникӣ Стефан Эрбер, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ Хонгвей Гао   суханронӣ намуданд. Оид ба гузоришҳои ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои хамоҳангсозии донорон муҳокимаҳо сурат гирифт.

Декабрь 3, 2010 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд