ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ЭКОЛОГӢ

Декабрь 20, 2010 09:44

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд  маросими  ҷамъбасти фестивал — озмуни вилоятии журналистикаи экологӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон  оид ба ҳифзи муҳити зист», Маркази иттилоотии экологии «Орхус» дар вилояти Суғд, Иттифоқи журналистони вилояти Суғд ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон  иштирок намуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳакамон  пас аз баррасии маводи фестивал – озмун, ҳам дар матбуоти даврӣ ва ҳам дар воситаҳои электронии иттилоотӣ, ба маводи пешкашнамудаи  рӯзноманигорони «Азия Плюс», «Ҳақиқати Суғд», «Тирози ҷаҳон», «Стан-ТВ», «СМ-1» ва телевизиони вилояти Суғд бартарӣ доданд. Рӯзноманигорон Тилав Расулзода, Маъмури Юсуфзод, Ислом Бобоев, Саид Шодиев, Бобоҷон Қурбонов, Насиба Мамадҷонова ва рӯзноманигори собиқадор Муҳаммадҷон Абирӣ бо мукофотҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот  сарфароз гардонида шуданд.

Декабрь 20, 2010 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад