1677 ХОНАНДАИ ВМКБ-ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲҲОИ ХОРИҶӢ
Хоруғ, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Вазъи соҳаи маорифи ВМКБ рӯ ба беҳбудӣ меорад. Тавре мудири маорифи вилоят Ғарибшоҳ Ғарибшоев иттилоъ дод, аз соли 1992 то ин муддат аввалин бор аст, ки мактабҳои вилоят пурра бо омӯзгорон таъмин гардидаанд. 618 нафар хатмкардаи донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва шаҳри Хоруғ соли ҷорӣ ба мактабҳои вилоят фиристода шуданд, ки онҳо имрӯз машғули тарбияи насли наврасанд. Хонандагони мактабҳои вилоят бо китобҳои дарсӣ пурра таъминанд. Дар мактабҳо синфҳои компютерӣ фаъолият доранд. Мавҷуд будани шароити мусоиди таълим боиси баланд гардидани савияи дониши хонандагон мегардад. Бояд гуфт, ки соли таҳсили 2009- 2010–ум 1677 нафар хонандаи мактабҳои вилоят ба донишгоҳҳои мамолики гуногуни дунё ва 1498 нафар ба донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






