3 КГ 925 Г ГЕРОИН ДАРЁФТ ГАРДИД
Душанбе, 8 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони ШКД ноҳияи Фархор 7 декабри соли ҷорӣ шаҳрванд Қулматов Шоймардон Бозорович, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ғалаба, деҳаи Қизил-Су дастгир шуд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз бинои ҳаммомхонаи ӯ 1 адад селофан, ки дар дохилаш 4 лифофаи пур аз хокаи героин ва 1 лифофаи пур аз маводи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Маводи дарёфтшуда 3 кг. 925 грамм героин ва 710 грамм ҳашишро ташкил дод. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






