78 МЛН. 468 ҲАЗОР ДОЛЛАР ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар моҳҳои январ — октябри соли чорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 мамлакати хориҷии дур ба маблағи 78 млн. 468 ҳазор доллар ё 23 ҳазору 727 тонна ёрии башардӯстона ворид намуданд. Аз он ҷумла: ба миқдори 2891 тонна, ё ки ба маблағи 6 млн. 176 ҳазор доллари амрикоӣ равғани растанӣ, 14 ҳазору 702 тонна орд, ки қиммати он ба 7 млн. 351 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст, 93 тонна гандум, ба маблағи 47 млн. доллар доруворӣ, ба андозаи 3 млн. 155 ҳазор доллар либос, пойафзол ва инчунин ба маблағи беш аз 10 млн. доллар озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии электронӣ, компютерҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба ИМА (57,6 фоиз) дода мешавад. Аз мамлакатҳои ИДМ дар ҷои аввал Ҷумҳурии Қазоқистон (бо 9,3 фоиз) ва Россия (бо 3,9 фоиз) дар ҷои дуюм қарор доранд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






