78 МЛН. 468 ҲАЗОР ДОЛЛАР ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Декабрь 1, 2010 09:16

Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди  Президенти ҶТ, дар моҳҳои январ — октябри соли чорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 мамлакати хориҷии дур ба маблағи 78 млн. 468 ҳазор доллар ё 23 ҳазору 727 тонна ёрии башардӯстона ворид намуданд. Аз он ҷумла: ба миқдори 2891 тонна,  ё ки ба маблағи 6 млн. 176 ҳазор доллари амрикоӣ  равғани растанӣ, 14 ҳазору 702 тонна орд,  ки қиммати он  ба   7 млн. 351 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст,  93 тонна гандум, ба маблағи 47 млн. доллар  доруворӣ, ба андозаи 3 млн. 155 ҳазор доллар либос, пойафзол ва инчунин ба маблағи беш аз 10 млн. доллар озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии электронӣ, компютерҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ барои  онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.    Аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона  ба  ИМА (57,6 фоиз) дода мешавад.    Аз мамлакатҳои ИДМ дар ҷои аввал Ҷумҳурии Қазоқистон (бо 9,3 фоиз) ва Россия (бо 3,9 фоиз) дар ҷои дуюм қарор доранд.          

Декабрь 1, 2010 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд