8 НБО-И ХУРД ДАР СОЛИ 2011 СОХТА МЕШАВАД
Душанбе, 29 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон, хусусан дар ноҳияҳои наздикӯҳии кишвар 8 нерӯгоҳи хурди барқӣ, ки иқтидорашон 8 МВт-ро ташкил медиҳад, сохта мешавад. Аз аввали соли ҷорӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳҳо зиёда аз 51 миллион сомонӣ сарф шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ дар назар аст, ки як қисми НБО-и хурд дар аввали соли 2011 ба истифода дода шаванд. Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаҳои бахши энергияи барқӣ» ба маблағи 121,4 миллион сомонӣ сармоя истифода шудааст. Ин рақам дар ҳисоботи Агентии давлатии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Ин маблағҳо асосан дар барқароркунӣ ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ, ҳамчунин дар сохтмони НБО-и хурд истифода шудаанд. Дар сохтмони иншооти элекроэнергетикӣ зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ сармоя истифода шудааст, ки аз ин 621,2 миллион сомониашро маблағҳои хусусии корхонаҳо ва 613,9 миллион сомонии дигарро қарзҳои хориҷӣ ташкил медиҳад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






