АНДОЗБАНДИИ БОЗИҲОИ ТИҶОРАТӢ

Декабрь 21, 2010 12:27

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Ҷонмард). —  Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 374 аз якуми августи соли 2008 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои аксиз дар соҳаи тиҷорати бозӣ» меъёрҳои замимагардидаи аксиз дар соҳаи тиҷорати бозӣ тасдиқ карда шуда, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии объектҳои андозбандишавандаро дар асоси аризаи хаттии андозсупоранда анҷом дода, ситонидани андози аксизиро дар ин соҳа ташкил менамояд. Объекти андозбандӣ дар соҳаи тиҷорати бозӣ инҳо ба шумор мераванд. Мизи бозӣ–меъёри андозбандиаш чор нишондиҳанда барои ҳисобот, автомати бозӣ бо бурди пулӣ ба андозаи чор нишондиҳанда барои ҳисобот, хазинаи тотализатор-чор нишондиҳанда барои ҳисобот, хазинаи идораи букмекерӣ-дар ҳаҷми ду нишондиҳанда барои ҳисоботҳо, автомати бозӣ бе бурди пулӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобот, роҳрави бозӣ ҳангоми бозии боулинг чор нишондиҳанда барои ҳисобот, мизи билярд ҳангоми бозии билярд як нишондиҳанда барои ҳисоботҳо, ташкилкунандаи лото ҳангоми бозии лото-ду нишондиҳанда барои ҳисоботҳо. Меъёри андозҳои дар боло зикршуда ҳамчун воҳиди объэктҳои андозбандӣ дар як моҳ барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Чкалов, Турсунзода, Ваҳдат, марказҳои маъмурии ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ мансуб буда, барои дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоизи меъёрҳои тасдиқгардида  истифода мешаванд.             Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақми 374 аз якуми августи соли 2008 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои аксиз дар соҳаи тиҷорати бозӣ» мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар объектҳои андозбандии соҳаи тиҷорати бозии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санҷиши амалиётӣ гузарониданд. Санҷиш дар чунин нуқта ва марказҳо муайян намуд, ки талаботи Қарори мазкур аз ҷониби баъзе соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳукуқӣ,  ки ба ин намуди фаъолият машғуланд, дар бисёр ҳолатҳо риоя карда намешавад. Дар рафти санҷиши амалиётӣ  дар  нуқтаҳои тиҷорати бозӣ дар фаъолияти соҳибкорон камбудиву норасогиҳои ҷиддӣ аз қабили бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз фаъолияти худро ба роҳ мондан, сари вақт пешниҳод нагардидани эъломияи андози аксизӣ ва пурра пардохт накардани маблағи андози аксизӣ ошкор гардида,  барои андозбандӣ ҷалб намудани ин гуна андозсупорандагон бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.               Соҳибкори инфиродӣ Давлатов Субҳон аз шаҳрванд Ҳакимов  амволи воқеъ дар ноҳияи Сино, маҳаллаи Гипроземро бо пардохти 400 сомонии моҳона ба иҷора гирифта, ба фаъолияти автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ машғул мебошад. Санҷиши гурӯҳи кории Кумитаи андоз ошкор намуд, ки дар асл 30 адад автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ фаъолият менамоянд, аммо аз тарафи соҳибкор дар эъломия ҳамагӣ 20 адад чунин автоматҳо нишон дода шудаанд. Аз рӯи таҳлили мутахассисон мебоист соҳибкор ҳар моҳ ба маблағи 2100 сомонӣ андози аксизӣ ба буҷет пардохт намояд, аммо дар асл ӯ ҳамагӣ дар як моҳ 700 сомонӣ андоз месупораду халос.                          Айнан ҳамин гуна ҳолати кам нишон додани миқдори автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ ва кам ҳисоб намудани андозҳо дар фаъолияти соҳибкор Назиров  Х ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Игровой Мир» маҳалли фаъолияташон ноҳияи Сино, маҳаллаи Гипрозем ошкор гардид.  Дар рафти санҷиш маблағи илова ҳисобкардашудаи андози аксизӣ аз ҳисоби марказҳои зикршуда пурра ба буҷет ворид  шуд.             Инчунин, дар эъломияҳои андоз нисбатан кам нишон додани миқдори компютерҳои бозӣ ва маблағи андози аксизӣ дар фаъолияти соҳибкорон Баротова Г, Умаров Ф, Одилбеков А, Холов Д, ҶДММ «Самӣ 86» низ муайян карда шуд.                Дар ин давра ҳамчунин ҳолатҳои беқайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти тиҷорати бозӣ  машғул шудани соҳибкорон низ ошкор  шуд. Аз ҷумла, шаҳрванд И.Сайфиддинов бо истифода аз 10 адад компютери бозиҳои бебурд, бидуни қайд дар мақомоти андоз, пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андози аксизӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад.             

Декабрь 21, 2010 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст