БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 5 МЛРД.183 МЛН. СОМОНӢ МОЛ ФУРӮХТА ШУД

Декабрь 2, 2010 09:49

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми даҳ моҳи соли 2010 ташкилоти савдои ҳамаи шаклҳои моликият ва ашхоси воқеӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи 5 млрд. 183 млн. сомонӣ мол фурӯхтанд. Дар ин муддат гардиши мол дар савдои чаканаи корхонаҳои расмӣ ба қайд гирифташуда 424 млн. сомониро ташкил дод.  Аз тарафи корхонаҳои кооператсияи матлубот дар ин давра  ба аҳолӣ ба маблағи беш аз  92 млн. сомонӣ мол фурӯхта шудааст,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар».    Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар моҳҳои январ — октябри соли ҷорӣ ба маблағи 498  млн. сомонӣ чорвои зинда, 169 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш    ва сабукрав, 448  млн. сомонӣ маҳсулоти нафтӣ ва ба маблағи беш аз 1 млрд. сомонӣ дигар навъҳои мол фурӯхта шудааст.    Ҳаҷми умумии молҳои фурӯхташудаи   озуқаворӣ дар даҳ моҳи соли 2010 2 млрд. 612 млн. сомонӣ буда, молҳои ғайриозуқаворӣ 2 млрд. 570 млн. сомониро ташкил додаст, ки нисбат ба молҳои озуқаворӣ 41  млн. сомонӣ камтар аст.    Аз ҳаҷми умумии фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ гӯшту ҳасиб, орд, равғани растанӣ, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ, сабзавоту картошка ва меваҷот афзалияти бештар доранд. Аз маҳсулоти ғайриозуқа бошад, аҳолӣ бештар маҳсулоти нафтӣ, автомобил, қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо, маводи сохтмонӣ, газвор, пойафзол, либос, асбобу анҷоми барқӣ харид кардааст.

Декабрь 2, 2010 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд