БАДАХШОНИЁН ЗАХИРАИ ОЗУҚА ДОРАНД

Декабрь 3, 2010 10:40

              Хоруғ, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»,  Л.Додо). – Соли  ҷорӣ  захираи  маводи  озуқаворӣ ва маҳсулоти гуногуни кишоварзии  сокинони   шаҳру  навоҳии  ВМКБ  нисбат  ба  солҳои  пеш    беҳтар  аст.  Мардум  ҳам  орд,  ҳам  ғалла,  ҳам  равған ва  маводи дигари  заруриро  нисбат  ба  солҳои  қаблӣ  ба  маротиб  бештар  захира  намудаанд.  Ба ақидаи коршиносон   ин аз  як  тараф самараи  заҳмати   деҳқонони  вилоят   ва  аз тарафи дигар    натиҷаи    зуд-зуд ташкил кардани  ярмаркаҳои  фурӯши  маҳсулоти  кишоварзӣ  дар  вилоят мебошад. Соли  ҷорӣ кишоварзони  вилояти  Хатлону навоҳии  тобеи  ҷумҳурӣ   дар  бозорҳои вилоят ярмаркаҳо ташкил  намуда,  маҳсулоташонро   нисбат  ба нархи  бозор     арзонтар   фурӯхтанд.          Дар  бозорҳои вилоят,  инчунин  масъулини  Агентии  захираҳои  моддии давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Корхонаи  воҳиди  давлатии   захираи  ғалла  ва  Ҷамъияти  матлуботи  вилоят  низ  пайваста  ярмаркаи  фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ  доир намуданд.

Декабрь 3, 2010 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд