БО «ГИРЕҲ ДАР ГУЛӮ» БА КАНТ

Декабрь 28, 2010 10:30

           Шоми он рӯз толори «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт аз мухлисону ҳаводорони филмҳои  ҳунарӣ пур буд. Дар ин ҷо маросими муаррифии филми ҳунарии «Гиреҳ дар гулӯ», ки аз рӯи асари генерал –лейтенант  Сайиданвар Камолов таҳия ва ба навор гирифта шудааст,  баргузор гардид.                     Ҳадаф аз таҳияи филми «Гиреҳ дар гулӯ» чист? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муаллифи сенарияи филми мазкур Сайиданвар Камолов мусоҳиба анҷом дод: Мавсуф гуфт, ки баъди навиштани як қатор  китобҳои публитсистӣ ба монанди «Сарҳад» (Граница), «Сангар» (Противостояние) дар бораи  сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ, «Бозгашт» дар бораи гурезаҳо ман ба хулоса омадам, ки як китоб  дар бораи фаъолияти чандинсолаи худ дар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ солҳои 1997- 2000 нависам ва аз рӯи он филм ба навор гирам, то дар он дастовардҳои солҳои истиқлолияти Тоҷикистон инъикос ёбанд. Бо ин мақсад китоби «Гиреҳ дар гулӯ» -ро навиштам. Мақсади навиштани ин китоб ҷавоб ба он расонаҳое буд, ки Тоҷикистонро доимо бо ҳар роҳ кишваре меномиданд, ки гӯё аз ҳифзи  марзу буми худ баромада наметавонад. Вақте дар соли 2005 сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марзбонони  рус қабул карда шуд, дар ин маврид шахсоне ёфт шуданд, ки тавассути матбуот ва дигар расонаҳо мегуфтанд:  Тоҷикистон аз ӯҳдаи ҳифзи марзӣ ва давлатдорӣ баромада наметавонад,  яъне фитнаангезию дасисабозӣ мекарданд.  Дар китоб ман кӯшиш кардам, тавассути симоҳои қаҳрамонон  то андозае рушду пешрафт, забон ва давлатдории навини тоҷиконро таҷассум намоям.       Вақте китобро навиштам,  тасодуфан бо корманди шабакаи  «Баҳористон» Садриддин Ҳасанзода вохӯрдам. Дар ҷараёни сӯҳбат идеяи таҳияи филм ба вуҷуд омад. Ман хуб фикр кардам ва гуфтам, ки таҳия ва ба наворгирии филм дар шароити феълӣ маблағи  калонро тақозо менамояд. Лекин  ба ҳар ҳол  агар одам бо нияти нек кореро оғоз намояд,  бечунучаро аз ӯҳдаи он мебарояд. Бо коргардони  ботаҷриба Носир Раҳмон сенарияи филмро навиштем. Дар сенарияи филм баъзе ҳадафу мақсадҳое, ки доштам,  ҷо додам. Баъзе хусусиятҳои анъанавие, ки  дар филмҳои тоҷикӣ ҷо доранд, аз он даст кашидем. Яъне,  он лаҳзаҳое, ки дар филмҳои анъанавии  мо ба чашм мерасанд, ба мисли  мардуми мо дар дар болои хар савор асту каланд дар китф бо як ҷомаи миёнбаста дар тан. Чунин лаҳзаҳо дар филми «Гиреҳ дар гулӯ» дида намешавад.          Зеро тӯли қариб 20 сол аст, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлолият қарор дорад, мардуми тоҷик ба пешравиҳо ноил гардидаанд. Дар ҷомеа низ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастааст.  Мо саъю талош кардем, ки бо таҳияи як филми бадеӣ  пешрафту тараққиёт ва шукуфоии сарзамини Тоҷикистонро инъикос намоем.  Вақте, ки ман ба муддати ду моҳ дар Маскав қарор доштам,  яке аз рафиқонам, ки дар давраи Шуравӣ ҳамкорӣ мекардем, илтимос намуд, ки шумо  дар кумитаи амният ва сарҳадот   кор кардаед,  мо мехоҳем дар  нуқтаи 12 –уми сарҳадӣ, ки марзбонони  Русия мустақар буданд,  вобаста ба ҳодисаҳои дар соли 1994 ба вуқӯъ пайваста,  филм ба навор гирем. Агар намояндаи мо ба Душанбе ояд,  шумо ҷиҳати дастрас кардани баъзе асбобу анҷом ба онҳо кӯмак намоед. Онҳо ба Душанбе омаданд ва ба мо муроҷиат намуда,  пурсон шуданд, ки чархи ресмонресиро аз куҷо харем ва ғайраю ҳоказо. Ман мақсади онҳоро фаҳмидам ва гуфтам, ки он асбобу анҷоми қадимаи миллиро, ки шумо мехоҳед дар филматон истифода намоед,  онро имрӯз танҳо аз осорхонаҳо пайдо кардан мумкин. Мардуми тоҷик имрӯз рӯзгор ва шароити муосир дорад, ҳамаи ин асбобу анҷомро дар осорхонаҳо гузоштаанд. Нодуруст будани ақидаашонро фаҳмонидам. Яъне,  онҳо мехостанд бо истифодаи асбобу анҷоми қадимаи тоҷикӣ пешрафти ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро нодида гиранд.                    Филми «Гиреҳ дар гулӯ»  дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон ва хориҷ аз он наворбардорӣ гардидааст?       Лаҳзаҳои нахустини филм, яъне вақте, ки қаҳрамони асосии филм  бо тарҳрезии  як зумра унсурҳои ҷиноятпеша ҳангоми қиморбозӣ хонаю ҷояшро ба миқдори 150 000 доллар бой медиҳад,  дар дараи Алмосӣ /Ҳисор/ ба навор гирифта шудааст. Он воқеаҳое, ки дар сарҳадот ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  мегузаранд, лаҳзаҳои он дар ноҳияҳои Шӯрообод дар дидбонгоҳи Ёл, дар дидбонгоҳҳои Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷ наворгирӣ шудаанд. Лаҳзаҳои омода намудани қаҳрамони асосии филм-  Абдуманнон ба хотири тайёрии ҳарбӣ гузаронидан ба Афғонистон  фиристонида мешавад. Ин қисмати филмро дар шаҳри Қундузи Афғонистон ва қисмати дигарро дар шаҳри Имомсоҳиб ба навор бардоштем.        Дар наворгирии филм  ба мо роҳбарони вулусволӣ ва қумондонҳои афғон кӯмак расониданд. Яъне,  онҳо нафароне буданд, ки мо пеш якҷоя кор мекардем. Қисмати баъдии филм дар биёбонҳои Вазиристони Покистон наворбардорӣ шудааст.                 Зимни банаворгирии филм дар хориҷи кишвар ба ягон мушкилот рӯ ба рӯ нагаштед?       Қабл аз ҳама мо тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафоратхонаҳои кишварҳои Афғонистон ва Покистон дар Душанбе мувофиқа кардем. Зеро дар он кишварҳо баъзе проблемаҳо вуҷуд доранд. Инчунин, дар он ҷойҳо, ки  қувваҳои башардӯст фаъолият мекунанд, ягон проблема ба  вуҷуд наояд, мо аз  намояндагии дипломатии  кишварҳои  мазкур дар Душанбе тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозатнома гирифтем.            Мавзӯи асосии филм чист?         Ҳамкории дастаҷамъонаи кормандони сохторҳои қудратии кишвар дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб, бахусус қочоқи маводи мухаддир  ва он проблемаҳое, ки то ба имрӯз  дар ҷомеаи мо ҷой доранд,  аз ҷумла,  ҳаёти ҷавонони тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷа ба таври ғайрирасмӣ таҳсил ва тарбия мегиранд, мавзӯи асосии филм мебошад.                         Нақши асосиро дар филм кӣ бозидааст?        Дар нақши қаҳрамони асосии филм, яъне Абдуманнон Саидов -Абдукарим  Машрабов,  писари ҳунарманди шинохта Ибодулло Машрабов бозӣ кардааст.  Абдукарим Машрабов донишҷӯи Донишгоҳи санъат  ба номи Мирзо Турсунзода буда, бори аввал дар филм нақш бозидааст. Қаҳрамони асосии филм Абдуманнон Саидовро бародаронаш, ки  дар ҷабҳаҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддар  шарик буданд,  мехоҳанд бо мақсадҳои ғаразноки худ истифода намоянд. Абдуманнонро дар қимор бой дода, маҷбур мекунанд, ки агар берун аз марз наравию фармоишҳои моро иҷро насозӣ хонаю даратро кашида мегирем. Ӯ маҷбур шуда розигӣ медиҳад ва ба он сӯи марз – ба Афғонистон мегузарад.        Мо кӯшиш кардем, ки анҷоми филм хусусияти  тарбиявӣ дошта бошад. Тавассути  филм сайъ намудем, то ба он ҷавонони гумроҳгашта   нишон диҳем, ки роҳи пешгирифтаи онҳо нодуруст аст. Қаҳрамони асосии филми «Гиреҳ дар гулӯ» дар охир пушаймон мешавад, ки роҳи пешгирифтаи ӯ воқеан хатост.                          Кадом ҳунармандони касбӣ дар филм нақш бозидаанд?    Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Тағоймурод Розиқов дар нақши мӯйсафед, ки борро аз сарҳад мегузаронад, нақш офаридааст. Ӯ низ дар филм дар охир пушаймон мешавад ва ба корҳои кардааш иқрор мегардад. Инчунин, журналисти телевизион Шавкат Муҳаммадиев дар нақши сардори Раёсати амнияти вилояти Хатлон, Абдувадуд Файзиев, ки муовини директори театри русии ба номи Маяковский мебошад, нақши сарвари гурӯҳҳои  ҷиноятпешаро бозидааст. Ҳамзамон, ҳунарпешаи театри Кӯлоб Худойназар Тилавов ва боз чандин дигарон дар филм нақш бозидаанд.                    Дар филм ғайр аз  ҳунармандони касбӣ киҳо  нақш офаридаанд?        Аслан дар филм бештар кормандони  касбии мақомоти амният  ва сарҳадот ҷалб карда шудаанд. То ҷое мусаллам аст кормандони мақомоти амният, вазорати корҳои  дохилӣ, гурӯҳи зудамали Агентии  мубориза бо маводи мухаддири назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар таъмини қонуният ва суботи кишвар, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб маҳорати баланди касбӣ доранд. Дар филм муваффақиятҳои давлати Тоҷикистон, ҳамкории  сохторҳои қудратии кишвар  нишон дода шудааст. Яъне,   дар мубориза бар зидди  ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тамоми  мақомоти қудратӣ  аз як гиребон сар мебароранд ва дар охир муваффақ мешаванд. Дар анҷом филм, ки  аз ҷиноят ва зуҳуроти номатлуб  оғоз ёфта буд,  аҳамияти тарбиявӣ пайдо менамояд.                        Филм дар чанд муддат ба навор гирифта шуд?      Ба наворгирии филм аз моҳи ноябри соли 2009 оғоз шуда, дар моҳи июн басту бандаш шурӯъ гардид. Алҳол,  дар филм баъзе проблемаҳои тарҷума вуҷуд дорад. Филм бо забони тоҷикӣ ба навор гирифта шудааст ва кӯшиш кардем, ки овозҳо табиӣ навишта шаванд.                         Муаррифии филм чӣ гуна сурат гирифт?       Муаррифии филми «Гиреҳ дар гулӯ» нимаи аввали  моҳи ноябр дар «Кохи Ҷомӣ» баргузор шуд. Ва агар гӯем, ки дар толор ҷои нишаст набуд, муҳобот намешавад. Дар маросими муаррифии филм аслан кормандони  мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу  тартибот, меҳмонон, донишҷӯёни коллеҷҳои ҳарбӣ иштирок доштанд.       Қаҳрамони асосии филм Абдуманнон Саидов вақти дастгир шудан  ба макони зисти аввалаи худ бармегардад ва шабона ҳангоми қиморбозӣ дастгир мегардад. Дар робита ба тақдири минбаъдаи филм зимни муаррифии филм  тамошобинон савол доданд, ки сарнавишти минбаъдаи қаҳрамони асосӣ чӣ мешавад? Аз ин рӯ,  алҳол қисмати  дуюми филмро навишта истодаем.                     Филм аз чанд қисмат иборат аст?     Филм аз як қисм иборат буда, қисматҳои минбаъдаи  он шояд дар шакли сериал  ё филми бадеӣ ба навор гирифта шавад.             Фиттаҳои филм ба фурӯш гузошта шудаанд?        Алҳол, не.          Чаро?     Зеро тавсия шудааст, ки филм ба фестивали байналмилалии Кант, ки ҳамасола дар Фаронса баргузор мегардад,  фиристода шавад. Аз рӯи  ин масъала мо омодагӣ дида истодаем.                Дар наворгирии филми «Гиреҳ дар гулӯ» кӣ ба Шумо кӯмак расонд?          Бояд зикр кард, ки дар таҳия ва ба наворгирии филм шахсони саховатпешаю олиҳиммат ба мисли раиси ширкати алоқаи мобилии «Вавилон» Беҳзод Файзуллоев, декани факултаи фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Ҳаким Холов ва дигар рафиқон кӯмак карданд. Ба суратҳисобе, ки кушода будем,  маблағ гузарониданд. Инчунин, аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии  Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон  миннатдорем, ки дар таҳия ва банаворгирии филм ба мо кӯмак расониданд. Зимни ҳалли проблемаҳои техникӣ, хусусан дар масъалаи равшанидиҳӣ аз ҷониби  Раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов, директори киностудияи «Тоҷикфилм» Саид Пиров кӯмак расонида шуд. Ман фикр мекунам, ки бо вуҷуди баъзе мушкилот филм хуб баромадааст.           Бо таҳияи филми «Гиреҳ дар гулӯ» ман кӯшиш кардам, ки фаъолияти сохтори  амниятро инъикос намоям. Зеро дар солҳои истиқлолияти давлатӣ оид ба ин сохтор ягон филм таҳия нагардида буд. Ин нахустин филм аст, ки ба фаъолияти мақомоти амнияти кишвар бахшида шудааст ва нозукиҳои хоси худро дорад. Мо кӯшиш кардем, ки ақаллан мардум донад, ки фаъолияти сохтори мазкур чӣ гуна аст ва кормандони  он дар лаҳзаҳои тақдирсоз ва ҳассос чӣ қаҳрамонию ҷоннисориҳое намекунанд.                    Сабаби  «Гиреҳ дар гулӯ» ном гирифтани филм дар чист?   Чунин ном гирифтани филм ин пешниҳод аз ҷониби нависанда  Раҷаб Мардон буд. «Гиреҳ дар гулӯ» ном гирифтани филм мазмуни рамзӣ дорад. Яъне қаҳрамони асосии филм муддати зиёд дар ҷустуҷӯи сохторҳои амниятӣ қарор дошт ва берун аз марз меравад ва ба мушкилот рӯ ба рӯ мешавад. Дар охир аз ақидааш мегардад.                    Cайиданвар Қосимович солҳои тӯлонӣ Шумо дар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба ҳайси роҳбари аввал  фаъолият намудед, назари Шумо ба матолиби баъзе расонаҳои хабарӣ, ки гуё Тоҷикистон дар  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  дар минтақа долони  асосист?            Аслан ман дар филм кӯшиш кардам, хабарҳои баъзе расонаҳои иттилоотӣ паҳн намударо ҷиҳати долони асосӣ будани Тоҷикистон дар мавриди интиқоли  маводи мухаддир  исбот созам, ки ин тавр нест. Балки Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши маводи мухаддир  яке аз давлатҳои фаъол аст  ва дар хати аввали мубориза қарор дорад. Маводи мухаддир натанҳо аз ҳудуди  Тоҷикистон, балки тавассути нуқтаҳои дигар кишварҳои минтақа,  назар ба Тоҷикистон бештар интиқол дода мешавад. Бартарии филми «Гиреҳ дар гулӯ» ва афзалияти бештари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин аст, ки мо нисбат ба масъалаи гардиши маводи мухаддир чизеро рӯйпӯш ё пинҳон намекунем. Ба таври ошкоро омори онро пешниҳод менамоем. Мақсади асосии филм низ инъикоси муборизаи сохторҳои марбутаи Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб –гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст.                 Дар остонаи соли нави мелодӣ ба мардум чӣ таманно доред?         Пеш аз ҳама тинҷию оромӣ, субот, пешрафту  шукуфоӣ ва сарбаландии ин  миллату сарзамини офтобиро таманно мекунам. Он сулҳу салоҳе, ки  бо заҳматҳои зиёд  ба даст оварда шудааст, бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро ҳодисаҳои охире, ки дар қисмати шарқи кишвар- минтақаи Рашт ба вуқӯъ омад, собит месозад, ки баъзе қувваҳое ҳастанд, ки  оромии ин сарзаминро намехоҳанд. Бояд ҳар фард, ки ин сарзамин ва обу хоки онро сидқан дӯст ва муқаддас медорад,  баҳри фардои дурахшони ин миллату сарзамин ғамхор ва бунёдкору созанда бошад.                                Мусоҳиб, Марзия Саидова), хабарнигори АМИТ «Ховар».           

Декабрь 28, 2010 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад