БУНЁДКОРИҲОИ НАЗАРРАС
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бунёди ҳар як корхонаи нав боиси пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани зисту зиндагии мардум дар шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ мебошад,- иброз дошт роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадии Салим ба мухбири АМИТ «Ховар». Мисоли барҷастаи бунёдкориҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ин ба истифода додани корхонаи коркарди қуму шағал ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Чорсӯ бо 20 ҷои кори доимӣ, маркази савдо ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Баҳористони деҳоти Чоргултеппа барои 32 ҷои кори доимӣ, маҷмаа дорои ҳаммом ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ба маблағи 1 млн. 340 ҳазор сомонӣ барои 70 ҷои нави корӣ, ҳаммом дар шаҳраки Сомониён, чойхона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ба маблағи 445 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Деҳқонободи деҳоти Россия, корхонаи қуттибарорӣ барои 25 ҷои нави корӣ бо сарфи 900 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Гултеппа ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Дарёободи деҳоти Чимтеппа мебошанд, ки дар маҷмӯъ беш аз 300 нафар сокинони ноҳия ба кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар баробари ин, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар деҳаҳои Меҳробод, Чоряккорон, Балх, Заркамар, Чоргултеппа, Дарёобод, Меҳнатобод ва Мағмуруд мактабҳои замонавӣ ва дигар иншоот ба истифода дода шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






