ЧАРО ДУ ҚОНУН ҶОНИБДОРӢ НАГАРДИД?
Душанбе, 17 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ду қонун аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи сеюми палатаи болоии парлумони мамлакат ҷонибдорӣ нагардид. Инҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошанд. Сабаби ҷонибдорӣ нагардидани масъалаҳои зикршуда, мусоидат накардани баъзе мафҳумҳо дар тағйироти қонунҳо мебошад, ки қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ворид гардида буд. Ин матлабро зимни тавзеҳи қонунҳо раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Мамадшо Илолов ва Убайдулло Қурбонов зикр карданд. Бояд тазаккур дод, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси вакилони Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва Сабоҳат Муқимова сурат гирифта, Қонун «Дар баораи маориф» бошад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида буд. Қонунҳои мазкур баъди таҳрири нав дар Маҷлиси намояндагон дубора ҷиҳати ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда мешавад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






