ЧАРО МЕЪЁРИ МАҲДУДИЯТИ ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚ РИОЯ НАМЕШАВАД?

Декабрь 7, 2010 15:13

Душанбе,  7 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). –  Раиси Ширкати  саҳомии «Барқи тоҷик» Абдулло  Ёров  имрӯз  машварати  селекторӣ гузаронид. Дар  ҷараёни он, аз ҷумла ба  масъалаи  риоя  нашудани  меъёри  маҳдудияти  интиқоли  қувваи барқ дар  баъзе  шаҳру  ноҳияҳои  мамлакат  дахл  карда шуд. Роҳбари  дафтари  матбуоти  Ширкати саҳомии  «Барқи тоҷик»  Нозир  Ёдгорӣ  зикр  кард, ки  дар  давоми  ҳафтаи  аввали  моҳи  декабри соли равон  121 шаҳрванди ҷумҳурӣ  ба  воситаи  телефонҳои  навбатдорон ба  маъмурияти  «Барқи тоҷик»  муроҷиат  кард. Онҳо  шикоят  мекунанд, ки қувваи барқ камтар  аз  меъёри  маҳдудияти  муқарраршуда  ба  аҳолӣ  дода  мешавад. Раиси Ширкати  саҳомии «Барқи  тоҷик» Абдулло  Ёров дар  робита  аз  роҳбарони  шабакаҳои барқи  вилоятҳои  мамлакат  талаб  намуд, ки  қувваи барқ  дар  доираи  меъёри тасдиқнамудаи  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  ба истифодабарандагон  дода  шавад. Вай  роҳбарони  шабакаҳои  барқи шаҳру  вилоятҳоро  огоҳ  намуд, ки  дар  мавриди ошкор  гардидани ҳодисаҳои риоя нашудани меъёри муқарршудаи интиқоли  қувваи барқ шахсони  гунаҳкор  ҷазои  сахт  дода,  ҳатто  аз  кор  ронда  мешаванд.           Ёдовар  мешавем, ки  системаи  энергетикии  мамлакат  аз аввали моҳи  декабр  сар  карда,  ҳар  шабонарӯз  бештар аз 49  миллион  киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол  менамояд. Ин  нисбат ба  ҳамин  давраи соли  гузашта 4 – 5 миллион  киловатт – соат  зиёд  мебошад. Дар  шароити  имрӯза  яке  аз  омилҳои  муҳимтарини  риояи  маҳдудияти  қувваи  барқ  истифодаи  сарфакоронаи он  ба шумор  меравад.                                     

Декабрь 7, 2010 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад