ДАМИР ДӮСТМУҲАММАДОВ-БАСТАКОРИ НОТАКРОР

Декабрь 9, 2010 13:08

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов маҳфили эҷодии  бастакори маъруфи тоҷик, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи   Рӯдакӣ Дамир Дӯстмуҳаммадов баргузор гардид. Бояд ёдрас шуд, ки аз нимаи дуюми солҳои 60-уми асри пешин номи Дамир Дӯстмуҳаммадов ба қатори  бастакорони касбии тоҷик дохил шуд. Ӯ   шахсияти барҷастаи санъати тоҷик мебошад, ки тӯли фаъолияти бисёрсолаи эҷодии худ дар инкишофи мусиқии касбӣ, тарғиби беҳтарин дастовардҳои мусиқии ҷаҳонӣ, тарбияи мутахассисони ин соҳа саҳми   калон дорад. Роҳи тайнамудаи Д. Дӯстмуҳаммадов дар ҷодаи санъати мусиқӣ пур аз комёбию дастовардҳои эҷодӣ мебошад. Аввалин асарҳои шогирдонаи худро Дамир Воҳидович таҳти роҳбарии  бастакори маъруф Юрий Тер-Осипов дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе эҷод намудааст. Баъд аз бомуваффақият хатм намудани омӯзишгоҳ соли 1964 ба Консерваторияи шаҳри Москва дохил шуда, дар назди профессор В.Г.Фере таҳсил кардааст.  Ҳанӯз дар овони донишҷӯӣ симфонияи 2-уми ӯ сазовори ҷоизаи озмуни оҳангсозони ҷавон  гардид. Баъд аз хатми Консерватория Д.Дӯстмуҳаммадов дар баробари фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ вазифаҳои масъулиятнокро дар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ иҷро намудааст. Аз ҷумла, директори Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, директори Театри Академии опера ва балети ба номи Айнӣ, роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг ва раиси Иттифоқи композиторон шуда кор кардааст. Дар эҷодиёти Д.Дӯстмуҳаммадов қариб кулли жанрҳоро, аз қабили кантатаю достонҳои вокалӣ-симфонӣ, асарҳои калонҳаҷми хорӣ муваффақияти бештар доранд. Операҳои ӯ «Лаънаткардаи халқ» (либреттои М.Фарҳат), «Қишлоқи тиллоӣ» (либреттои М.Миршакар), «Сарбозони халқ» (либреттои С.Улуғзода), опереттаи «Дугонаҳо» (либреттои А.Сидқӣ), операи бачагонаи «Хонаи Заргӯшбибӣ» (либреттои Н.Бақозода), «Биё Бобои барфӣ» (либреттои Н.Бақозода) комёбии эҷодии аҳли Театри опера ва балет буданд. Дар жанри достонҳои вокалӣ-симфонӣ ва кантата як қатор асарҳои ӯ, аз қабили «Модар», «Абадзинда», «Ҳайкал», «Модар-замин», «Мактаби маҳбуб», «Гуларӯсак»-ро метавон ном бурд, ки муваффақияти эҷодии муаллиф мебошанд. Д.Дӯстмуҳаммадов ба намоишномаҳои гуногуни театрҳои ҷумҳурӣ,  аз қабили «Модар нигарон буд», «Суруди нотамом», «Гули сурх», «Ишқи зиндагӣ» ва ғайраҳо мусиқӣ офаридааст.  Ӯ муаллифи асарҳо барои оркестри симфонӣ, созҳои миллӣ, асарҳои камеравӣ, сурудҳои бачагона мебошад. Даҳҳо сурудҳои Д.Дӯстмуҳаммадовро зикр кардан мумкин аст, ки дар қалби ҳазорон мухлисон  ҷой гардидаанд.  Сурудҳои «Тоҷикистон», «Меҳри Ватан», «Душанбе», «Кабӯтари сафеди ман», «Эй ёр, биё», «Оҳанги тор», «Нанол асло», «Ошиқони Варзоб», «Гули Наврӯзӣ», «Суруди анҷумани тоҷикони ҷаҳон» ва ғайраҳо дар иҷрои сарояндагони машҳури тоҷик писанди ҳамагон гардидаанд. Бояд ёдрас шуд, ки дар маҳфили эҷодӣ аз асарҳои композитори маъруфи тоҷик- Увертюраи «Дӯстӣ», Оркестри Хизматнишондодаи бадеии созҳои миллии ба номи  Ҳамдамов, Бадеҳаи Лайлӣ ва Ҳайдарбек – аз операи «Қишлоқи тиллоӣ», «Гулноз» — шеъри С.Султон, «Нанол асло» — шеъри М.Фарҳат, Сюитаи «Базми наврӯзӣ» — шеърҳои Алӣ Бобоҷон, Хори камеравии Филармонияи Давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, Сюитаи «Гуларӯсак» — шеърҳо аз халқ, соната барои скрипка ва фортепиано, «Қасами сарбоз» — шеъри Алӣ Бобоҷон, арияи «Садаф» — аз опереттои «Дугонаҳо» ва ғайра пешкаши тамошобинон  гардид.  

Декабрь 9, 2010 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид