ДАР ПОЙТАХ БОЗ ЯК ФАВВОРА ЗАМ ШУД
Душанбе, 2 декабрь. (НИАТ «Ховар» Мавзуна Бойева) — Ободу зебо гардонидани майдон ва гулгаштҳои пойтахти кишвар ба ҳукми анъана даромадааст. Шоми 1 декабри соли 2010, пас аз анҷоми таъмири асосӣ фаввораи майдони назди фурудгоҳи Душанбе ба кор даромад. Мавриди истифода қарор гирифтани фаввора дар шом яъне бо фарорасии торикӣ аз он сабаб буд, ки муаллифони лоиҳа, сохтмончиён ва фармоишгар бояд раванди кори фаввораро, ки бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз шуда, бо оби ҷаҳанда омехта ҷило медод, месанҷиданд. Дар воқеъ маълум гашт, ки аз ҷониби сохтмончиёни Ширкати сохтмонии «Тренинг класс» фаввора бо риояи технологияи сохтмонӣ бунёд шудааст. Муаллифи лоиҳа Нигай Владимир иброз дошт, ки истифодаи барқ ва об ва насб намудани чароғҳои равшанидиҳанда, ки бо ҷаҳиши оби фаввора бояд даромехта шаванд, кори басо мураккаб аст ва сохтмончиён аз ўҳдаи кор баромаданд. Баландии ҷаҳиши оби фаввора 8 метр буда се ҳалқа дорад ва атрофи ҳавзи онро чатрчаҳои обӣ оро медиҳанд. Дар маркази фаввора бошад, композитсияи афсонавии ҷойгиршавии замин ва фатҳ намудани кайҳон аз ҷониби инсон қарор дорад. Фаввораи нав ба шаҳр ҳусни нав мебахшад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






