ДИПЛОМАТИ ҲИНДУСТОН ДАР СУҒД

Декабрь 24, 2010 16:27

         Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Имрӯз раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов бо сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситх Бхаттачардҷи мулоқот кард. Зимни мулоқот С. Мирхолиқов дар бораи шаҳри Хуҷанд, гузашта ва имрӯзи он, дастовардҳои хуҷандиён дар 20 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории шаҳрдорӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ маълумот дод. Аситх Бхаттачардҷи омодагии сафорати Ҳиндустонро ба рушди ҳамкорӣ дар  соҳаҳои маориф ва илму фарҳанги Хуҷанд, ҳамчунин дигар соҳаҳо иброз дошт. Дар ҷараёни ин сафар дипломатии ҳиндӣ аз осорхонаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидан карда, бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи  технологии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мулоқот кард. Ҳамчунин, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон аз корхонаи муштараки «Ҷавонӣ», минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», корхонаи воҳиди давлатии «Суғдфармация» дидан мекунад. Аз маркази иттилоот ва таҳлили маъмурияти Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сафари Аситх Бхаттачардҷи дар вилояти Суғд се рӯз идома хоҳад кард.

Декабрь 24, 2010 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид