ДУШАНБЕ БО АЛМА-АТО НАЗДИКТАР ХОҲАД БУД

Декабрь 2, 2010 15:42

Душанбе, 2 декабрь (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева) -Ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» парвозҳои доимиро аз пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба шаҳри Алма-атои Қазоқистон оғоз намуд. Ширкат тасмим гирифтааст, парвозҳоро ҳар ҳафта се маротиба рўзҳои чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе бо ҳавопаймои «Фоккер-50», ки ҳудуди 50 нафар ғуҷоиш дорад, анҷом диҳад. Менеджер оид ба хизматрасониҳои рўизаминии ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» Нозим Иминов, дар фурудгоҳи Душанбе гуфт: «Ширкати мо  тасмим гирифтааст, парвозҳоро ба кишварҳои Осиёи миёна зиёд намуда, ба ин васила муносибатҳои иқтисодии кишварҳоямонро мустаҳкам намояд, шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон ҳангоми ба  дидорбинии дўстону хешу табор рафтан ва анҷоми сафарҳои корӣ метавонанд аз ҳавопаймоҳои   бароҳати «Эйр Астана» истифода баранд. Ҳамчунин дар назар аст, ки парвозҳои доимии Душанбе-Алма-ато барои рушди сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамояд. Ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана»  хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд барои мусофирони Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон  кафолат дода, мутобиқи барномаи ҳавасмандгардонии «Nomad club» амал менамояд. Алъон парвозҳои хатсайри Душанбе-Алма-ато бо ҳавопаймоҳои. «Эйрбас-А320» ва «Фоккер-50» анҷом дода мешаванд». Нархи билет бо назардошти хизматрасониҳои фурудгоҳӣ аз Душанбе ба Алма-ато дар як самт 675 сомониро ташкил медиҳад.  

Декабрь 2, 2010 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад