ДУШАНБЕ БО АЛМА-АТО НАЗДИКТАР ХОҲАД БУД
Душанбе, 2 декабрь (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева) -Ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» парвозҳои доимиро аз пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба шаҳри Алма-атои Қазоқистон оғоз намуд. Ширкат тасмим гирифтааст, парвозҳоро ҳар ҳафта се маротиба рўзҳои чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе бо ҳавопаймои «Фоккер-50», ки ҳудуди 50 нафар ғуҷоиш дорад, анҷом диҳад. Менеджер оид ба хизматрасониҳои рўизаминии ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» Нозим Иминов, дар фурудгоҳи Душанбе гуфт: «Ширкати мо тасмим гирифтааст, парвозҳоро ба кишварҳои Осиёи миёна зиёд намуда, ба ин васила муносибатҳои иқтисодии кишварҳоямонро мустаҳкам намояд, шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон ҳангоми ба дидорбинии дўстону хешу табор рафтан ва анҷоми сафарҳои корӣ метавонанд аз ҳавопаймоҳои бароҳати «Эйр Астана» истифода баранд. Ҳамчунин дар назар аст, ки парвозҳои доимии Душанбе-Алма-ато барои рушди сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат менамояд. Ширкати ҳавопаймоии «Эйр Астана» хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд барои мусофирони Тоҷикистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон кафолат дода, мутобиқи барномаи ҳавасмандгардонии «Nomad club» амал менамояд. Алъон парвозҳои хатсайри Душанбе-Алма-ато бо ҳавопаймоҳои. «Эйрбас-А320» ва «Фоккер-50» анҷом дода мешаванд». Нархи билет бо назардошти хизматрасониҳои фурудгоҳӣ аз Душанбе ба Алма-ато дар як самт 675 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






