Э.РАҲМОН: «ВАРЗИШ – ПАЙВАНДГАРИ ХАЛҚҲОВУ МИЛЛАТҲО»

Декабрь 20, 2010 16:01

Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Ҷонмард). -Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон ва масъулини соҳа баргузор гардид. Дар он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зикр кард, ки варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ кардани давлат ва миллат мебошад. Миллати мо низ ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд дошт. «Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсон ҳамчун омили тавонои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории на танҳо варзишгарон, балки халқҳову давлатҳои зиёд маҳсуб мешавад. Аз касе пӯшида нест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ варзиш на танҳо ҷанбаи иҷтимоӣ, балки ҷанбаи иқтисодӣ ва сиёсиро низ касб намудааст. Зеро мардум ҳар қадар бештар бо варзиш фаро гирифта шаванд, ҳамон қадар вазъи саломативу ҳолати рӯҳиву равонии  онҳо  беҳтар гардида, барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва амнияти давлату ҷомеа имконияту заминаҳои мусоид фароҳам меоянд», — илова намуд Сарвари давлат. Мавриди зикр аст, ки солҳои охир варзишгарони кишварамон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок намуда, нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистони озодро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Хусусан соли ҷорӣ барои варзишгарони мамлакати мо соли бобарор ба ҳисоб меравад. Бояд зикр намуд, ки танҳо дар солҳои 2008-2010 зиёда аз дувуним ҳазор варзишгари тоҷик дар 270 мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ, бозиҳои осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва барои дарёфти шоҳҷоизаҳо иштирок намуда, ба ифтихори дастболо шудани онҳо Парчами давлатии Тоҷикистон даҳҳо маротиба барафрохта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои 2005-2007 се баробар зиёд мебошанд.

Декабрь 20, 2010 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад