ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: — «ТАҲКИМИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ МАРОМИ МОСТ»

Декабрь 2, 2010 08:45

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона дар мулоқоти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд.  Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои ташаббуси баргузории ин мулоқот ва таъмини шароити хуби корӣ арзи сипос намуд. Дар суханронии Президенти Тоҷикистон масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъии нақлиётию транзитӣ ва ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми асосӣ доштанд. Сарвари давлат ҳамчунин таваҷҷўҳи хоси ҳукумати Тоҷикистонро ба масоили тақвияти минбаъдаи демократия, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, минҷумла озодии дин ва озодии сухан дар кишвар таъкид намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 2, 2010 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид