ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: — «ТАҲКИМИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ МАРОМИ МОСТ»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона дар мулоқоти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои ташаббуси баргузории ин мулоқот ва таъмини шароити хуби корӣ арзи сипос намуд. Дар суханронии Президенти Тоҷикистон масоили амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъии нақлиётию транзитӣ ва ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми асосӣ доштанд. Сарвари давлат ҳамчунин таваҷҷўҳи хоси ҳукумати Тоҷикистонро ба масоили тақвияти минбаъдаи демократия, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, минҷумла озодии дин ва озодии сухан дар кишвар таъкид намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






