ГУБЕРНАТОРИ СВЕРДЛОВСК ДАР СУҒД

Декабрь 15, 2010 17:02

Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 14 декабр ҳайати расмӣ таҳти сарварии Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Александр Мишарин  ба вилояти Суғд бо сафари корӣ  ташриф овард. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва  Губернатори вилояти Свердловск Александр Мишарин доир ба рушди муносибатҳои ҳаматарафа бо минтақаҳои  Федератсияи Россия, аз он ҷумла бо вилоятҳои Барнаул, Оренбург ва Свердловск, ки бо дастуру нишондодҳои  сарварони давлатҳои ба ҳам дӯст Эмомалӣ  Раҳмон ва  Дмитрий Медведев  густариш меёбанд, сухан гуфтанд. Қоҳир Расулзода   қайд намуд, ки  дар ин замина рушди соҳибкорӣ тариқи  минтақаҳои озоди иқтисодии Суғд ва  Урал, ҳамкориҳои дуҷониба  бобати истеҳсоли таҷҳизот барои пойгоҳҳои обкашӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, илму маориф судманд мебошад. А. Мишарин изҳор дошт, ки  дар минтақаи озоди иқтисодии Урал  беш аз 40 корхонаҳои бузурги саноатӣ фаъолият дорад. Ҳар ҳафта тариқи  хатсайри ҳавоӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Хуҷанд  аз маркази вилояти Свердловски Федератсияи Россия парвозҳо анҷом дода мешаванд, ки ин ҳама аз густариши робитаҳо дар соҳаи мухталиф гувоҳӣ медиҳанд. Пас аз анҷоми мулоқот ҳайати расмӣ таҳти сарварии Губернатори вилояти Свердловск А. Мишарин  дар маросими муаррифии корхонаи  муштараки  «Хуҷанд-Зил-Амур» иштирок намуданд. Мавриди ёдоварист, ки корхонаи муштараки «Хуҷанд ЗИЛ» соли 1990 бо саҳмгузории  АМО «ЗИЛ»-и Федератсияи Россия  47% ва 53% саҳмияи худӣ дар шаҳри Чкалов  таъсис  ёфта, автобусҳои мусофиркашонӣ истеҳсол мекард. Бо таъсисёбии Маркази техникии «Амур»  беш аз 100 нафар соҳиби ҷойҳои нави корӣ мегарданд. Фаъолияти корхонаи нав ба сохтани  мошинҳои боркашон, хизмати коммуналӣ ва амсоли инҳо равона мегардад. Инчунин, ҳайати меҳмонон бо фаъолияти КМ «Ҷавонӣ» ошноӣ пайдо намуданд. ҶДММ «КМ Ҷавонӣ» соли 1992 таъсис ёфта,  бо ширкати амрикоии Carera ҳамкорӣ дорад. Беш аз 1000 нафар коргарон ба коркарди ниҳоии нахи пахта машғуланд. Иқтидори солонаи корхона коркарди ниҳоии то 3 ҳазор тонна  пахта мебошад. Маҳсулоти ин корхона ба бозори ҷаҳонӣ содир мешавад.

Декабрь 15, 2010 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст