«КӮҲИСТОН-1» НУР МЕБАХШАД
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд нерӯгоҳи нави хурди барқи обӣ бо иқтидори 500 киловатт сохта ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ хабар дод. Тибқи гуфтаи ӯ дар маросими ба истифодадиҳии НБО-и хурд бо номи «Кӯҳистон-1», ки 19 декабр баргузор гардид, раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров ва дигар намояндагони Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки НБО-и «Кӯҳистон-1» пурра аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ сохта шудааст. Маблағи умумии сохтмони нерӯгоҳи мазкур 3,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.