МАҚОМИ БАЛАНД БО МАСЪУЛИЯТ ТАВЪАМ АСТ

Декабрь 15, 2010 08:56

         Зайниддин  Насриддинов (1930) дар  рӯзномаҳои  шаҳрӣ, вилоятӣ,  ҷумҳуриявӣ бештар аз панҷоҳ сол  кор  кардааст. Аз  соли 1969  то соли  1994 Директори АМИТ «Ховар» (то соли 1992 ТоҷикТА номида  мешуд) буд. Барои  кори  пурсамар дар  матбуот бо ордену  медалҳо  мукофотонида шудааст. Депутати  Шӯрои  олии  Тоҷикистон буд. Корманди  шоистаи  маданияти  Тоҷикистон  аст. 14 китоби хурду калон  дорад.  Китоби  очерки  таърихиаш  «Набзи  Ховар» ба  фаъолияти АМИТ «Ховар» бахшида шудааст, ки ба таъсисаш 85 – сол пур  мешавад.           Дар  зер мусоҳибаи  мухбирони АМИТ «Ховар» бо  устод  З.Насриддинов чоп  мегардад.          — Устод, аз  таъсиси  Агентии  миллии  иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон 85  сол  сипарӣ  мешавад ва  Шумо  25 сол бетанаффус  роҳбарии  ин мақомоти муқтадири  иттилоотии  давлатиро  ба  ӯҳда  доштед. Лутфан  аз  мақом ва  фаъолияти «Ховар» дар он  солҳо нақл  мекардед ?            — Агентии  миллии  иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо  Қарори  маҷлиси  васеи  Раёсати  Кумитаи  инқилобии  Ҷумҳурии  мухтори  шӯравии  сотсиалистии Тоҷикистон 31  декабри соли  1925 таъсис  ёфтааст, ки  имрӯзҳо 85  соли пур  мешавад ба  ин  сана. Биноан, Шумо ҳамкасбони ҷавон, кормандони Агентиро бо ин сана самимона  муборакбод  менамоям. Аввал  ин  муассисаи иттилоотии давлатӣ шӯъбаи ТАСС (Агентии  телеграфии  иттифоқи  Шӯравӣ) дар  Тоҷикистон, баъд  Агентии  телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)  номгузорӣ  шуда буд. Ҳоло  Агентии  миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ном дорад.             Таъсиси  муассисаи иттилоотии давлатӣ, ки  мебоист тамоми  ахбори расмӣ  ва дигар  ахборро  дар  ҳудуди  ҷумҳурӣ  дарёфт, таҳлил, коркард ва  паҳн  намояд, дар  ҳаёти  ҷамъиятӣ ва  сиёсии  ҳамон  давра воқеаи   хеле  муҳим маҳсуб  меёфт.  Зеро ба  соҳаҳои  мухталифи  иқтисодиёт, илму  фарҳанг пояҳои нахустин  гузошта  мешуданд. Вале  аз  ҳама  муҳимтарин  ва  мушкилтарин вазифа – ба   мардум фаҳмонидани  мақсаду вазифаҳои ҷамъияти нав,  давлати  шӯроҳо, саводнок кардани омма маҳсуб  меёфт. Бо  ин  мақсад  мактабҳо  кушода, чопи  рӯзномаю  маҷалла,  китобҳо  ба  роҳ  монда мешуд, ки  таъсиси  агентии  иттилоотӣ ҳам  яке  аз  чунин  чорабиниҳои  муҳимтарини ҳизбу давлат ба шумор мерафт.          Ба  номгӯи мавзӯъҳои  аввалине, ки  агентии  иттилоотӣ  даст  зад сохтмону ба  кор  андохтани нахустин корхонаҳои  саноатӣ, ташкили  иттиҳодияҳои  рафиқона  коркарди замин,  колхозҳо, истгоҳҳои мошинӣ — тракторӣ, мактаб, табобатхонаҳо, кушодани  заминҳои  бекорхобида, каналу роҳҳои нав ва  ғайра  дохил мешавад. Ахбори  корҳои  тарбиявии байни  мардум мавқеи хоса дошт.           Кадрҳои журналистӣ  намерасиданд. На танҳо  барои  агентии иттилоотӣ, балки  барои рӯзномаву маҷалла ва дигар  соҳаҳо  ҳам. Журналистон  ниқоб  аз рӯи  душманони  сохти нав  мебардоштанд ва барои  чунин  муборизаашон таъқиб  ва таҳдид ҳам медиданд. Аммо  ҳокимияти  шӯравӣ  журналистонро  ҳамеша  ҳимоя  мекард. Дар  шаҳодатномаи  мухбирони   агентии  иттилоотӣ, масалан,  ба ташкилотҳои ҳизбӣ  ва  давлатӣ муроҷиат  карда мешуд,  ки барои иҷрои  муваффақонаи  супоришҳои  хизматиашон ба онҳо  кӯмак расонанд. Мухбирони  Агентии  телеграфии Тоҷикистон   ҳуқуки  аз  маҳалҳо  тавассути  хатҳои  телеграф  бе пули нақд  фиристодани  маводи тайёркардаашонро  доштанд. Ҳатто  барои  ҳимояи  шахсӣ ба баъзе мухбирон, ки  ба  ҷойҳои  ҳарбу  зарб  ё дар  ҳолати  фавқулодда ба сафарҳои хизматӣ мерафтанд, яроқ дода мешуд. Масалан,  ба мухбири Агентии телеграфӣ дар шаҳри  Хуҷанд Набӣ  Каримов   намояндагии  ваколатдори  ОГПУ – и СССР  дар Осиёи  Миёна  18  октябри соли  1932 яроқи  оташфишон дода буд.            Мухбирон  на танҳо  дар  бораи  воқеа, рӯйдодҳои  мусбати аҳамияти  умумиҷумҳуриявидошта,  балки  фактҳои манфиро низ  ҷамъ  меоварданд. Ахбор мебоист кӯтоҳ, возеҳ ва  аз  ҷиҳати услуб  ихчаму  сара  буда, ҳатман ба  саволҳои чӣ?, кай?, дар куҷо?, барои  чӣ? ҷавобгӯ  бошад. Санаи  таълифи  ахбору  санаи  воқеа,  рӯйдод ҳатман мувофиқат  кунад. Таъҷилӣ тавлид  шудани  ахбор шарти  аввалин  буду  ҳаст.           Ҳангоми  таълифи  китоби  «Набзи   «Ховар», ки ба дирӯзу  имрӯзу фардои  АМИТ «Ховар»  бахшида  шуда буд, аз  Бойгонии  марказии  давлатии  Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои  аҷоибе  дарёфт кардам. Агар  соли  1935 агентӣ ҳамагӣ  10 нафар корманд  дошта бошад, пас  соли  1938  аллакай дар  ҳамаи  шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳурӣ,  беистисно ва ҳатто дар корхонаи роҳи оҳан, кони нефти «КИМ»,  совхози «Вахш» ва дигар  муассисаҳои  калонтарин мухбирони  доимии  худро  дошт. Дар  дастгоҳи  марказии  ТоҷикТА омӯзиши  забони  тоҷикӣ ва русӣ  ба роҳ монда шуда буд. Мухбирони дар  маҳалҳо буда ҳам аз муаллимони  забони русӣ  дарс меомӯхтанд. Масалан,  ба  мухбири дар  шаҳри  Хуҷанд буда Абдулло Нодиров иҷозат дода шуда буд, ки  аз  ҳисоби  агентӣ барои  забони  русӣ  омӯхтанаш моҳе  100 сӯм  харҷ намояд.           15 январи соли 1935 Оинномаи  нави  Агентии  телеграфии  Иттифоқи  Шӯравӣ тасдиқ  гардид, ки  он  ба  ТАСС вазифаи  роҳбарӣ ва  назоратро  ба  фаъолияти  агентиҳои  телеграфии ҷумҳуриҳои  иттифоқӣ вогузор  намуд.           10  декабри  соли 1971 бо  қарори  Шӯрои  вазирони СССР ТАСС ба  хадамоти иттифоқию  ҷумҳуриявии иттилоотӣ  табдил  ёфта,  ҳуқуқи  Комитети  давлатиро гирифт. Агентиҳои  телеграфии ҷумҳуриҳои  иттифоқӣ, аз ҷумла ТоҷикТА ҳам ҳуқуқи  Комитети  давлатиро  соҳиб  шуданд.            — Ҳавасмандии  моддӣ ва  маънавии  кормандон  чӣ тавр ба   роҳ монда шуда буд?            — Маъмурият, ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои  аз ҷиҳати  моддӣ ва  маънавӣ ҳавасманд  кардани  кормандони  эҷодӣ ва  муҳандисию  техникӣ  чораҳо  меандешиданд. Ҳар  ҳафта  муаллифи  ахбори  беҳтарин,  ҳатто сарлавҳаҳои  беҳтарин, лавҳа ё  ҳисобот, сурат,  матни  тарҷумаи  беҳтарин  мукофотонида шуда, сурати  беҳтаринҳо дар  лавҳаи  фахрии идора  часпонида  мешуд. Дар  дохили  сарредаксияҳо  ҳам  озмунҳо барпо  мегардид. Коллектив дар  мусобиқаҳои  эҷодии умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок  карда,  ғолибият ҳам  ба даст  меовард. Маъмурият  барои  фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ доимо ғамхорӣ мекард. Бинои   нави  фотохроника сохта шуд, ки  дар  иттифоқ назир надошт. Аз  рӯи  лоиҳаи нодир дар  кӯчаи  Свириденко (ҳоло Бухоро)-и ш.Душанбе бинои  истеҳсолии  АМИТ «Ховар» қомат рост кард. Вале  мутаассифона,  дар он  дастгоҳи  марказии Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ ҷойгир  гардид. Ман аз он  меболам, ки  ин  бино ба  як маҳали Душанбешаҳр ҳусн  илова менамояд.           Нақли гузашта  дарозо  шуда  бошад  ҳам,  илова  накарда  наметавонам, ки  ҳанӯз  соли  1988 аввалин бор дар  таърихи  матбуоти  тоҷик  ифшои  беқаламу  қоғази  ахбор  маҳз  дар  АМИТ «Ховар» ҷорӣ  карда шуда буд.  26 дастгоҳи  дисплей (саромади  компютерҳои  имрӯза) маводи  тайёр  кардаи  журналистонро  ба  маркази  минтақавии коркарди автоматикунонидашудаи ахбор, ки дар  агентӣ  насб  шуда буд,  ба  сардори  сохторҳои   агентӣ ва  телетайпҳои  зудкори рӯзномаҳо, телевизиону радио ирсол  мекарданд.            Бояд  гуфт, ки  то  пош  хӯрдани  Иттифоқи Шӯравӣ  АМИТ «Ховар»  вазифаи бошарафи  мухбири  коллективии  ТАСС – и  Москваро  баҷо  меовард. Моҳе  журналистони  мо барои  ТАСС  100 – 120  ахбор ва  50 – 60  сурат  ирсол  мекарданд, ки  он  дар  тамоми  ҷаҳон паҳн  карда  мешуд. Ҳамин тавр,   коллективи  АМИТ «Ховар»  вазифаи  худро  бобати ҷамъоварӣ, таҳлил, тарҷума  ва  ба  идораҳои  воситаҳои  ахбори  оммаи  ҷумҳурию  хориҷӣ, ташкилоту  мақомоти давлатӣ ва  дигар муассисаю  ташкилотҳои  ҷамъиятӣ пешниҳод кардани  ахбор оид ба  масъалаҳои  ҳаёти  сиёсӣ, иқтисодӣ ва  иҷтимоии Тоҷикистон бошарафона  баҷо  меовард.                   — Аз  нигоҳи  Шумо  саҳми  АМИТ «Ховар»  дар  тарбияи  кадрҳои баландихтисоси  соҳа  чигуна  аст? — Мусаллам  аст, ки маҳорату  истеъдод барои журналист шарти  асосист. Баробари ҳамин журналист, минҷумла журналисти агентии иттилоотӣ дониши  комил, ҷаҳонбинии  васеъ,  маърифати  баланд дошта,  меҳнатдӯсту масъулиятшинос бошад. Инчунин, ӯ дар  роҳи  ҳақиқат бебок, дар  иҷрои  вазифаи хизматӣ  устувор,  сабру тоқат ва  одоби  ҳамида дошта бошад. Рисолати  журналистӣ аз муваффақият мағруру аз  нокомӣ рӯҳафтода нашудан ҳам мебошад. Шарафи касб ва  ҷои  корашро ҳимоя карда тавонад. Пештар  дар  назди редаксияи суратгирӣ мактаби  дусолаи  касби омӯзонидани суратгирӣ амал  мекард. Дар  дастгоҳи  марказӣ ҳам маҳфили  мухбирони ғайриштатӣ фаъолият  дошт. Мухбирони ҷавон  ба  собиқадорон вобаста буданд. Касбомӯзонӣ ба  журналистони ҷавон  ҷузъи  вазифаи хизматии  собиқадорон маҳсуб  мешуд. Тариқи  озмун  донишҷӯёни  боистеъдоди шӯъбаи  журналистикаи  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон бо  роҳхати АМИТ «Ховар» барои  давоми  таҳсил ба Донишгоҳи миллии Москва  ба номи М.В.Ломоносов фиристода  мешуданд. Хатмкардагони  ин  донишгоҳи  машҳур  ва тарбиядидагони «Ховар» дар  бисёр  муассисаҳои давлатию  эҷодӣ  бомуваффақият кору эҷод  доранд. Агар  сухан  дар  бораи ҳайати эҷодии кунунии АМИТ «Ховар» равад, гуфтан  мумкин  аст, ки  дар  ин ҷо  бисёр  журналистони боистеъдод гирд  омадаанд. Ҳарчанд ҳайати кадрӣ ҷавон аст. Бояд тазаккур дод, ки Агентии  «Ховар» муассисаи  таълимие  надорад, ки ҷавонони боистеъдоди ба кори  журналистӣ   шавқу завқ доштаро биомӯзонад. Махсусияти  фаъолияти  Агентӣ, ки ба оҷилан   тайёру  паҳн  кардани  ахбор  марбут аст,  тақозо менамояд, ки дар  ин ҷо  бояд журналистони боистеъдодтарин  фаъолият намоянд. Аммо  афсӯс, ки дараҷаи  маоши  кормандони «Ховар» аз  баъзе агентиҳои  иттилоотии ғайридавлатии  дар  ҷумҳурӣ фаъолиятдошта пасттар аст. Дар  замони  иқтисоди  бозаргонӣ мутахассисони  боистеъдоди ҳамаи соҳаҳо  ҷои  кори серпул ва  корҷои  шароити  хубдоштаро  меҷӯянд, ки ин табиист. Ба  андешаи  интараф роҳбарияти  Агентӣ дар  доираи  ҷадвали  умумии  хароҷотҳои  молиявӣ,  сохторҳои  иқтисодӣ низ  ташкил  диҳад, ки маҳсулоти онҳо хизматрасонии сервизӣ  ба  ғанӣ гаштани  даромади  пулӣ кӯмак расонад. Рӯзнома,  маҷалла, китоб, буклетҳо, маводи  электронӣ, аудиовизуалӣ,  суратҳо, алалхусус дар  соҳаи  варзиш, сайёҳӣ, экологӣ тайёр карда метавонад ва  аз ҳисоби даромади  чунин  сарчашмаҳо ҳаҷми  маошро  баланд  бардоштан ва  кадрҳои хубтарро ба  агентӣ ҷалб  кардан имконпазир  мегардад. Бояд гӯям, ки солҳои 80-уми асри гузашта агентӣ 2 рӯзномаи худро дошт ва аз фурӯши онҳо даромади хуб ҳам медод.  Дар  факултаи  журналистикаи  Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон, бо  назардошти махсусияти  кори  агентиҳои  иттилоотӣ, ки  теъдодаш дар  ҷумҳурӣ  аллакай  ба  ҳафт  расидааст, ба монанди  гурӯҳҳои  телевизион  ва  радио,  гурӯҳи  кадрҳои журналистӣ барои  агентиҳои иттилоотӣ ташкил  додан ҳам ин масъаларо пиёда карданаш мумкин аст. — Имрӯз дар мамлакат, ба туфайли демократикунонии  ҳаёти ҷамъиятӣ воситаҳои  ахбори  омма зуд  афзоиш доранд, аз ҷумла   агентиҳои иттилоотӣ. Ба ақидаи  Шумо  «Ховар» рисолати  худро  дар  таъмини фазои  ягонаи  иттилоотии кишвар мувофиқи  талаб  иҷро намуда,  ба рақобат  дар  бозори иттилоотӣ  тоб  меоварад?  — Ташаккули  фазои ягонаи  иттилоотии  кишвар ва ҳифзи онро Сарвари  давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба  мисли  расидан  ба  амнияти  озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва баромдан аз бумбасти  коммуникатсионӣ вазифаҳои  стратегии  давлат  меҳисобад. Дар  ташаккули  фазои  ягонаи  иттилоотӣ АМИТ «Ховар»  мавқеи  хоса  дорад. Ҳуқуқи эксклюзивии ҷамъоварӣ ва  паҳн  намудани  ахбори расмӣ  масъулияти  агентиро дучанд мегардонад. Журналистони  АМИТ «Ховар»  аввалин  донандагони  навтарин рӯйдодҳо  дар  ҷумҳурӣ мебошанд ва таъсири  ахбори аввал пуртаъсир  аст. Ин рисолати ҳамешагӣ бояд бошад.  Ба  рақобати иттиллотӣ тоб  оварда тавонистани АМИТ «Ховар» ба  сифати  кори  эҷодӣ  вобастааст. Ҳоло  дар ин  муассиса  кадрҳои  хуби  журналистӣ гирд  омадаанд, ки  бо  ахбори таъҷиливу  санҷида ва сайқали адабидида фазои ягонаи  иттилоотии  кишварро пурра менамоянд. Бояд АМИТ «Ховар»  оид ба  масъалаҳои  муҳимтарини  сиёсати хориҷӣ ва  дохилии мамлакат  таҳлилгарон, яъне шореҳони  худро  дошта бошад,  ки бо  мақолаҳои  таҳлилӣ  рафти  татбиқи  ҳадафҳои  стратегии  давлатро  ба  хонандагони  рӯзномаю  маҷалла,  бинандагони  телевизиону  шунавандагони радио ёдрас намоянд.                           — Устод дар  рӯзи ҷашн ба  кормандони  АМИТ «Ховар» чӣ  таманноҳо доред? — Орзу  дорам, ки пешопеши  рӯйдоду  воқеаҳо бошанд,  чунки  онҳо  кашшофи  ҷамъиятанд. Бидонанд, ки  ҳар ҳарфу  калимаи  навиштаашон хонандаро  ба  созандагӣ, ваҳдату  ягонагӣ, меҳнатдӯстӣ,  ватандӯстӣ ҳидоят менамояд. Навиштору рафторашон ҷавобгӯи корманди Агентии иттилоотии ҳукуматӣ буданро  собит  карда тавонад. Ташаккур! Мусоҳибон хабарнигорони АМИТ «Ховар» Бекназари Абӯбакр ва Дилшодаи Ҷонмард                                                        

Декабрь 15, 2010 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд