МАҲФИЛИ ЭҶОДӢ ВА РӮНАМОИИ КИТОБИ НАВИ КАМОЛ НАСРУЛЛО

Декабрь 27, 2010 10:29

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ«Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 25 декабр дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҳфили эҷодӣ ва рӯнамоии маҷмӯаи ашъори нави Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло  «Рӯ ба меҳроби Ватан» баргузор гардид.    Маҳфилро раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, Камол Насруллоро аз фаъолтарин шоирони имрӯз ном бурд ва китоби «Рӯ ба меҳроби Ватан»-ро  як марҳилаи тоза дар роҳи эҷодии ӯ арзёбӣ кард.    Сипас, шоирон ва адабиётшиносону мунаққидон дар бораи махсусиятҳои  шеъри Камол дар манзари шеъри муосири тоҷик ибрози назар намуда, таъкид бар он доштанд, ки Камол Насрулло аз чеҳраҳои фарҳехтаи адабиёти мост, мавқеи устувори шаҳрвандӣ, инъикоси набзи ҳассостарин падидаҳаи замон, баёни рӯшан ва бадеияти баланди хоса сифатҳои муҳимтарини шеъри ӯст.    Дар поёни маҳфил Камол Насрулло аз ашъори тозаэҷодаш намунаҳо қироат кард.  

Декабрь 27, 2010 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад