МАҶЛИСИ ГУРӮҲИ МУШТАРАКИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар шаҳри Душанбе маҷлиси шашуми гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид, ки дар он проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима карда шуданд. Дар маҷлис аз ҷониби Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи кории комиссия, сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД Сафиаллоҳ Девонаев ва аз ҷониби Русия муовини директори Хадамоти федералии муҳоҷират Анатолий Кузнецов ширкат варзиданд. Онҳо дар доираи Созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ силсилаи масъалаҳои марбут ба буду бош ва меҳнати коргарони муҳоҷир пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, ҷониби Русия пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон барои ба таври муташаккилона фиристодани коргарони муҳоҷир ба Русия марказҳои мусоидат ташкил карда шаванд. С.Девонаев зикр кард, ки ҳар ду ҷониб тӯли солҳои гузашта дар бобати амалӣ сохтани нуктаҳои созишномаи мазкур тадбирҳои муҳимро анҷом доданд. Аз ҷумла, муассисаҳои муҳоҷирати ҳар ду кишвар барои ҳалли проблемаҳои коргарони муҳоҷир самарабахш ҳамкорӣ мекунанд, дар байни онҳо мубодилаи маълумот ба роҳ монда шуд. Дар ин муддат барои ҳалли проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ заминаи мукаммали қонунӣ бунёд гардид. С.Девонаев изҳори умед кард, ки ҳар ду ҷониб дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамкории ҳамаҷониба ояндаи наздик ҳамаи нуктаҳои созишномаро иҷро хоҳанд кард. Маҷлиси навбатии ҳафтуми гурӯҳи муштараки кории Тоҷикистону Русия соли 2011 дар Маскав баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






