МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ АГЕНТИҲОИ ДАВЛАТИИ ИТТИЛООТИИ ИДМ

Декабрь 16, 2010 11:42

Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар»). — Дирӯз  дар  пойтахти  Ҷумҳурии  Арманистон – шаҳри  Ереван маҷлиси  навбатии 12 –уми  Шӯрои роҳбарони  агентиҳои давлатии иттилоотии  ИДМ кушода шуд. Дар  он  роҳбарону  намояндагони  агентиҳои  давлатии  иттилоотии  мамлакатҳои  ИДМ иштирок  доранд. Маҷлисро директори  Агентии  иттилоотии Арманистон  — «Арманпресс» Грайр Зорян кушода, хабар  дод, ки дар  он  бештар  аз 10 масъалаи  марбут ба  фаъолияти  Шӯрои  роҳбарони  агентиҳои давлатии иттилоотӣ,  инъикоси  тадбирҳои  идона  бахшида ба  20 – солагии  ИДМ, такмили  маҳорати  журналистони  ҷавон  дар  мамлакатҳои  ИДМ, таъсиси  сайти  интернетии Шӯрои  иттилоотии  ИДМ ва  ғайра  муҳокима  карда  мешаванд. Таъкид  шуд, ки  соли  2011  дар  қаламрави  ИДМ Соли  мероси  фарҳангӣ  эълон  шудааст. Дар  доираи он  ташкили   намоишгоҳи  муштараки  суратҳо  таҳти  унвони «20 – солагии Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил»  пешбинӣ  карда  мешавад. Муовини  аввали  директори генералии Агентии  иттилоотии  Русия  ИТАР – ТАСС Михаил  Қалмиқов  дар  бораи  ривоҷ  додани  ҳамкории агентиҳои  иттилоотӣ  сухан  ронда, изҳор  намуд, ки агентиҳои  иттилоотӣ  дар  бораи   рӯйдодҳои  мамлакатҳои  ҳамдигар  хеле  кам  хабарҳо  нашр  мекунанд. Ҳар  сол  дар  қаламрави  Иттиҳод  воқеаҳое  рух  медиҳанд, ки барои ҳамаи  мамлакатҳои  аъзои он  аҳамияти  умумӣ  доранд. Масалан, соли  оянда  70 —  солагии  ба охир  расидани Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ  ҷашн  гирифта  мешавад,  ки  ҷанги  умумии  ҳамаи  халқҳои  собиқи  Шӯравӣ  мебошад. Инчунин, зиёиёни  эҷодкоре  ҳастанд, ки   маҳсули  эҷодиёташон моликияти  умумии  якчанд  миллат  ва  тамоми  инсоният  ба  шумор  меравад. Маҷлиси  Шӯрои  роҳбарони агентиҳои давлатии  иттилоотии ИДМ  ду рӯз  давом  мекунад.  Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки  Шӯрои  роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ  соли 1996  бо  қарори  сарони  давлатҳои ИДМ  ташкил  ёфта  буд.  Раиси  Шӯрои  мазкур  директори  генералии  Агентии  иттилоотии  ИТАР — ТАСС  Виталий  Игнатенко  мебошад.  Маҷлисҳои  Шӯро  ҳар  ду  сол  як  маротиба  гузаронида  мешаванд.

Декабрь 16, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад