МАҶЛИСИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ СААД

Декабрь 1, 2010 10:44

Маскав,  1 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). –  Имрӯз  дар пойтахти  Федератсияи  Русия – шаҳри  Маскав  таҳти раёсати вазири мудофиаи  шаҳрвандӣ,  вазъияти  фавқулодда ва  бартараф  сохтани оқибати  фалокатҳои  табиии Русия  С. Шойгу маҷлиси  Шӯрои  ҳамоҳангсози роҳбарони  сохторҳои  вазъияти  фавқулоддаи  мамлакатҳои  аъзои  Созмони аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  кушода  мешавад. Дар  он  масъалаҳои  марбут ба  истифодаи қувваю  воситаҳои  вокуниши  давлатҳои  аъзои  созмон  дар  бобати  ба эътидол  овардани  вазъияти Ҷумҳурии  Қирғизистон,  роҳу  усулҳои  вокуниши  дастаҷамъӣ ба ҳар  гуна вазъияти  фавқулодда ва  пешниҳодҳо дар  бораи  таъсиси маркази  ягонаи  иттилоотӣ муҳокима  карда  мешаванд. Иштирокчиёни  маҷлис  инчунин ҷараёни  иҷрои  Нақшаи  фаъолияти  созмонро  дар  бобати  ташаккули  низоми  вокуниши  дастаҷамъӣ  ба  шароити фавқулодда  баррасӣ  намуда, пойгоҳҳои асосиро  барои  тайёр  намудани  ҷузъу томҳои  мақомоти  дахлдори  давлатҳои  аъзои  созмон  муайян  мекунанд, ки  салоҳияти  пешгирӣ ва  барҳам додани  вазъияти  фавқулодда  ба  зиммаи  онҳо  гузошта шудааст.

Декабрь 1, 2010 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд