МАЪДАН САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ

Декабрь 2, 2010 10:23

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бино ба гуфти корманди илмии Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ҳусайн Аброров, 80 фоизи конҳои тиллои   иктишофгардида дар кӯҳистони Зарафшон воқеанд.    Ба гуфти ҳамин манбаъ, дар як тонна маъдани кони тиллои Чӯлбой ба ҳисоби миёна 6,7 гр. тилло ва 2,6 гр. нуқра мавҷуд аст. Дар як тонна шағалу зароғанҳои канори дарёи Зарафшон бошад, 2,6 гр.   ва дар рӯди Шинг 4,5 гр. тилло мавҷуд аст. Аз ин хотир ташкили ширкатҳои заршӯӣ ҳам ба косибон  ва ҳам ба давлат фоидаовар буда, садҳо одамонро метавон ба корҳои мавсимӣ ҷалб кард.    Дар сурати роҳандозӣ шудани корхонаҳои нави истихроҷ ва коркарди тилло дар ҳавзаи рӯди Киштӯди ноҳияи Панҷакент, ки дорои захираи 75 тонна тилло мебошад, истеҳсоли ин метали қиматбаҳо зиёд хоҳад шуд.           Айни замон барои истихроҷи маъдани кони тилло озмун эълон гаштааст.   Амалӣ шудани   тарҳи нав имкон медиҳад, ки муносибатҳои нави иқтисодӣ бо давлатҳои хориҷӣ барқарор гардида, рушди иқтисоди кишвар тавассути саноати маъдани кӯҳӣ, ки самти афзалиятноки иқтисодӣ  маҳсуб меёбад, даҳчанд беҳтар гардад.  

Декабрь 2, 2010 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад